Ободонӣ дар маҳалла - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ободонӣ дар маҳалла

Бо иқдоми раиси кумитаи маҳаллаи Ҷалолиддини Румӣ-1 С. Назаров ва дастгирии молиявии як қатор соҳибкорони саховатпешаи ин маҳалла дар давоми соли ҷорӣ  750 метр роҳи асосии маҳалла аз таъмир  бароварда шуд  ва 500 метр роҳи дигар барои асфалтпӯш намудан омодааст. Деворҳои паҳлуи роҳ аз нав таъмир гардида, тарҳи замонавӣ гирифтанд.
Дар замини масҷиди панҷвақтаи маҳалла бунёди бунгоҳи тиббии замонавӣ бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло оғоз гардида, айни ҳол сотмони он идома дорад. Кӯчаи навтаъсиси маҳалла танқиси нарасидани хати барқро дорад. Имрӯзҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳалла ва роҳбарии раиси кумита ин мушкилот ҳалли худро  ёфтаааст.  
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню