Чароғонкунонии шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Чароғонкунонии шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҷиҳати равшанамоӣ  ва ороиши шаҳри Қӯрғонтеппа дар давоми ду соли охир аз тарафи муассисаи давлатии комуналлии чароғонкунонӣ ва ороишии шаҳри Қӯрғонтепппа корҳои зиёде таҳти роҳбари ва дастгирии ҳамаҷонибаи раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло  ба анҷом расонида шуд. Қабл аз ду сол шабона дар шаҳри Қӯрғонтеппа равуои пиёдагардон қариб, ки имконият надошт. Роҳҳои ноҳамвор ва  гаштугузори шабонаи  сагҳои дайду касро ба ҳарос мегузошт. Дар давоми роҳбарии Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло  ин мушкилот низ  дар қатори дигар мушкилотҳо  ҳалли худро пайдо намуда, имрӯзҳо шоми  шаҳри Қӯрғонтеппа аз шоми Душанбе қариб фарқияте надорад. Тамоми сагҳои дайду дар кӯтоҳтарин мӯҳлат безарар гардонида шуданд ва дар кӯчаҳои равшан ва роҳҳои пиёдагарди сафолакпуш сокинон метавонанд бемалол сайру гашт намоянд. Сазовори қайд аст, ки дар ин давра аз тарафи  муассисаи давлатии комуналлии чароғонкунонӣ ва ороишии шаҳри Қӯрғонтепппа ҷиҳати равшанамоӣ  ва ороиши шаҳри Қӯрғонтеппа  ҷаъм 572 дона симчубҳои оханин, 1144 фурузонаки кучаги (прожекторҳо) аз ҷумла, дар назди мактаби санъати бачагона 8-дона плофон бо пояаш, дар назди бинои КАТС 10-дона плофон бо пояаш, дар майдони Б Ғаффоров 6-дона плофон бо пояаш, Теппаи Қӯрғон-12 дона, Майдони 70-Солагии води Вахш 52 дона плофон бо пояаш, майдони  Рӯдаки 39 адад плофон бо пояаш ва ғайра васл карда шуда,   аз буҷети маҳал маблағгузори  карда шуданд. Ҷамъи умумии масоҳати шиорҳои ороиши 12 000 метри квадратиро ташкил дода, ҷамъи чопи бандерҳои атрофии шаҳр ҳамин миқдор буда, бо маблағ 294 000 сомониро ташкил менамоянд. Дар тамоми рафти ичроиши корхои чароғонкунонӣ ва ороиши муассисаи давлатии комуналлии чароғонкунонӣ ва ороишии шаҳри Қӯрғонтепппа хамчун «Фармоишгар» баромад намуда, «Иҷрокунанда» - бошад ҶДММ «Қӯрғонтеппасохтмон» мебошад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню