Оид ба амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Копировать - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оид ба амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Копировать

Оид ба амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақшаи генерали, инчунин фаъолияти комплекси сохтмон аз ҷониби шӯъбаи меъмори ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ёздаҳмоҳи соли 2016
Оид ба амалисозии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нақшаи генерали, инчунин фаъолияти комплекси сохтмон аз ҷониби шӯъбаи меъмори ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ёздаҳмоҳи соли 2016 корҳои муайяне ба сомон расонидашудааст.
Дар имрӯза аз ҳисоби маблағхои буҷети шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони як қатор иншоотхо ба роҳ монда шуда, аз ҷумла:


1. Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми барои 1240 хонанда дар дубаст дар маҳаллаи Маданият
- Фармоишгар – Идораи сохтмони асосии шаҳр.
- Пудратичии сохтмон – ҶДММ «Хатлон Бунёдкор»
- Маблағи умумии сохтмон тибқи нархнома (смета) 22 млн 599 ҳазору 500 сомони
- Нақшаи маблағгузори барои солҳои 2015 ва 11 моҳи соли 2016 – 7 млн сомони пешбини карда шудааст.



2. Кохи фарҳангӣ ва маркази иттилоотӣ дар кӯчаи ба номи Борбад
- Фармоишгар – Идораи сохтмони асосии шаҳр.
- Пудратичии сохтмон – ҶДММ «Қӯрғонтеппа - сохтмон»
- Маблағи умумии сохтмон тибқи нархнома (смета) 17 млн 202 ҳазору  500 сомони
- Нақшаи маблағгузори барои солҳои 2015 ва 11 моҳи 2016 - 6 млн сомони пешбини карда шудааст.


3. Сохтмони бинои истиқоматии 15-ошёна дар буриши кӯчаҳои ба номи Г. Нориновва С. Айни.
- Фармоишгар – Идораи сохтмони асосии шаҳр
- Пудратичии сохтмон – ҶДММ «Қамар Товар» (дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо Идораи сохтмони асосии шаҳр)
- Маблағи умумии сохтмон тибқи нархнома (смета) 37 млн 341 ҳазор сомони
- Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар сохтмони бино зиёда аз 11 млн сомони маблағгузори карда шудааст.


4. Таъмири кули беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа
- Фармоишгар – Идораи сохтмони асосии шаҳр.
- Пудратичии сохтмон – ҶДММ «Хатлонбунёдкор»
- Барои солҳои 2015 ва 11 моҳи соли 2016 -987 ҳазору 874 сомони маблағгузори карда шудааст.
5. Таъмири кули бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа.
- Фармоишгар – Идораи сохтмони асосии шаҳр.
- Пудратичии сохтмон – ҶДММ «Қӯрғонтеппа - сохтмон»
- Барои солҳои 2015 ва 11 моҳи соли 2016-9 млн 178 ҳазору 226 сомони маблағгузори карда шудааст.
6. Таъмири майдонҳои шаҳр.
- Фармоишгар – Идораи сохтмони асосии шаҳр.
- Пудратичии сохтмон – ҶДММ «Шодиён - сохтмон»
- Барои солҳои 2015 ва 11 моҳи соли 2016 - 103 ҳазору 78 сомони маблағгузори карда шудааст.
7. Барқарорсозии хатхои муҳандисии кӯчахои шаҳри Қӯрғонтеппа
- Фармоишгар - Идораи сохтмони асосии шаҳр.
- Пудратичии барқарорсози – ҶДММ «Механсоз»
- Барои солҳои 2015 ва 11 моҳи соли 2016 - 871 ҳазору 852сомони маблағгузори карда шудааст.
Матбуоти Раиси шаҳр

5.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню