Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Осорхонаи таъриху кишваршиносии шаҳри Қӯрғонтеппа бо қарори раиси шаҳр аз 10 июни соли 1999 тахти №155 таъсис додашуда дар тавозуни шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад масоҳаташ ба 576 метри мурабаъ баробар аст. Барои Осорхона 6 адад воҳиди кори пешбини гардида аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузори карда мешавад, ки се нафар маълумоти олӣ се нафари дигар ғайримаълумот мебошанд. Осорхона аз як толор иборат буда дар дохили он 2486 нигораҳои таърихӣ вуҷуд доранд. Аз даромадӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 7050 сомонӣ маблағгузори  карда шуд,  ки нисбати соли  гузашта 350  сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи шаҳрвандон як то сузанӣ як дона тумор як ҳалқа ва ду дона танга се дона пул ду кӯза ба асрҳои –XVI-XIX рост меояд тӯҳфа карда шуд. Бахшида ба тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхона бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №12 корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.
Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2016 бо фармони вазири Фархангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи «Дарҳои кушод» эълон гардида буд, ки шаҳрвандон ва хонандагон ройгон аз Осорхонаи «Бибихонум» -и шаҳри Қӯрғонтеппа дидан намуданд, шумораи тамошобинон 2428 нафарро ташкил медихад.
Ба муносибати 25 умин солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгириву ватандӯстӣ Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло дар назди теппаи - Қӯрғонлаби дарёи «Ҷӯйхонум» ба маблағи 18000 ҳазор сомонӣ як Чархофалак, ки асрҳои VII-VIII-ро дар бар мегирад сохта шуд, ки инҳам яке аз нигораҳои таърихии ёдоварии қадимаи миллатм тоҷик мебошад.
Бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр мӯҳтарм Амирулло Асадулло  гирду атрофи теппаи - Қӯрғон ба маблағи  8300 сомонӣ 8300 дона гулҳои гуногун шинонида шуд, ки барои мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар тамошобинон ҷойи истироҳат ва хурсандӣ гардидааст.
Ҳамчуни  гирду атроф ва майдони назди теппаи - Қурғон фарсуда шуда буд, таъмир карда шудаанд. Ва саҳни теппаи - Қӯрғон гулдонҳо сохта шуда буданд, ки он гулдонҳо бо гулҳои гуногун оро дода шуда, зебоӣ ва ободонии шаҳр ва теппаи - Қӯрғон гардидааст.
Дар як моҳи январи таҳтили зимистони соли ҷорӣ хонандагони шаҳри кӯрғонтеппа бо ҳамроҳии омӯзгорон аз Осорхона  дидан намуда мудири толор ба онҳо аз таъриху фарҳангӣ гузаштаи худ ба воситаи нигораҳои таърихӣ маълумот доданд.  Дар  11 моҳи соли ҷорӣ шумораи умумии тамошобинон: 9664 нафарро ташкил медиҳанд, ки 93 нафар хориҷӣ ва аз ин шумора 2521 нафар хонандагон ройгон қабул шудаанд. Ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ ба маблағи 1600 сомонӣ гирду атрофи Осорхона ва қисми дохилии он таъмир карда шуд. Барои сабзу хуррам гардонидани гирду атрофи теппаи - Қӯрғон ба маблағи 1200 сомонӣ як обкаш(насос) ва 130 метр гула (шланг) аз даромади  Осорхона харидори карда шуд.
Бахшида ба 25-умин солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони осорхона қисми даруни ва берунии осорхонаро ба маблағи 3000 сомонӣ таъмир гардид.
Осорхона дар ҳолати хуб қарор дорад.
Колективи меҳнатии Осорхона  дар  корҳои ҷамъиятии шаҳр низ  ширкат варзида бо мақсади иҷрои супориши протоколии раиси шаҳр дар гирду атрофи Теппаи - Қӯрғон шанбегиҳо шуда истодааст.
Корҳои ободонии атрофии Теппаи - Қӯрғон ва Осорхона идома доранд.
 
 
Директори осорхонаи «Бибихонум»                Хуршеди  А.

5.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню