Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Қӯрғонтеппа - сохтмон» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Қӯрғонтеппа - сохтмон»

Базаи корхонаҳои истеҳсоли масолеҳҳои сохтмони воқеъ дар кӯчаи Кайхонавардон, ки аз тарафи  ҶДММ «Қӯрғонтеппа - сохтмон»  фармоиш ва аз тарафи  пудратчи  ҶДММ «Қӯрғонтеппа - сохтмон» бо  маблағи умуми 6 млн 240 ҳазор сомони сохта шуда, дар арафаи таҷлили  25 -умин Солгарди Истиқлолияти  Давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабари қарор гирифт.  Саҳми корхонаи мазкур аллакай  дар азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои  пиёдагарди шаҳри назарас аст. Дар корхонаи истеҳсоли  зиёда аз 12 намуди масолеҳи сохтмонии  босифат ва ҷавобгуи меъёрҳои сохтмони истеҳсол мешаванд. Истеҳсоли маҳсулоти ватани албатта ба пастнамудани нархи гарони маҳсулоти хориҷӣ мусоидат намуда, ҳамзамон дастрасии онро барои шаҳрвандон осон мегардонад. 
 Бояд қайд намуд, ки вобаста бо истифода аз сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа  аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  ва бевосита аз тарафи Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ


5.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню