Рафти иҷрои барномаи пешгирии зуровари дар шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Рафти иҷрои барномаи пешгирии зуровари дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Бо ташаббуси бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Б. Каримова ва таҳти  роҳбарии мувини Раиси шаҳр Қосимзода Солияхон ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбари  Дастгоҳи Раиси шаҳр Азимзода Назаир,  Ташкилоти Ҷамъиятии “Дилафруз”-и вилояти Хатлон ва Ташкилоти Ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, ташкилоти Ҷамъиятии “PDV”, ҷиҳати дастгирии барномаи пешгирии зуровари дар оила таҳти шиори «16 Рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила»  дар саҳни майдони кохи  «Ватан» намоиши ҳунарҳои дастии занони хунарманди шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар толори ҳамин коҳ намоиши барномаи консерти бо иштироки хунармандони шинохтаи ҷумҳуриро ройгон ташкил карда шуд. Алакай соли сеюм аст, ки дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон Конун ва Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила» амал мекунад. Ҳамчунин имрузҳо дар тамоми олам чорабиниҳо дар доираи «16 рузи мубориза алайҳи хушунат» гузаронида шуда истодааст ва ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳотағйир додани афкори омма оид ба зуроварӣ дар оила мебошад. Ба ин хотир дар асоси қарори Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 24 ноябри соли 2010, № 336  дар назди бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа маркази иттилоотию машваратӣ таъсис дода шудааст.
Дар асоси шартномаи сетарафа, ки байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, Ташкилоти Ҷамъиятии “Дилафруз”-и вилояти Хатлон ва ташкилоти Ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар вилояти Хатлон ба имзо расидааст, Маркази Машваратӣ-ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ ташкил карда шудааст, ки мақсади асосии ташкил намудани ин марказ муайн намудани оилаҳои ноосудаҳол, оилаҳое, ки аз зуроварии хонаводагӣ азият кашидаанд, оилаҳои нопурра ва оилаҳои камбизоат ва ҳамаҷониба дастгирии онҳо мебошад. Утоқи кории марказ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир карда шудааст.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ
 
7.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню