ҶСК «Хурокворӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ҶСК «Хурокворӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

ҶСК «Хӯрокворӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳр буда, айни ҳол аз рӯи таъиноти истеҳсолотиаш маҳсулот тайёр менамояд. Маҳсулоти асосии тайёр намудаи корхонаро дар замони шуравӣ танҳо истеҳсоли машруботи спиртӣ ташкил медод. Айни ҳол  корхона дар баробари маҳсулоти асосӣ, ҳамчунин маҳсулоти мевагии маҳаллиро мавриди коркард қарор дод. Айни замон  дар корхона консерваҳои маҳсулоти мевагӣ дар қутиҳои шартии замонавӣ истеҳсол ва пешкаши сокини кишвар мегарданд. Корхона яке аз авалинҳо шуда, бо мақсади бардавом нигоҳ доштани  маҳсулоти мевагӣ ва эмин доштани он аз талафшавӣ дар ҳудуди корхона  сардхона ташкил намуд. То ин дам корхона ба пастравии истеҳсолот роҳ надода,  дар ояндаи наздик  бошад, мақсади боз  ҳам зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротиро дорад.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ
 
7.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню