Терминали мусофиркашонии «Сафари–К»-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Терминали мусофиркашонии «Сафари–К»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҷаъмияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сафари-К»- терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа буда, барои хизматрасони ба аҳоли ва мусофирон ба воситаи нақлиётхои автомобили махсус гардонида шуд аст. Ҷаъмияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сафари-К»-дар асоси оиномаи ҶДММ «Сафари –К», ки бо қарори ҶСП СИТ «Рушди Хатлон» аз 10 октябри соли 2007, № 2 ва Раёсти адлияи вилояти Хатлон ҳамчун шахси ҳуқуқи аз нав ба қайд гирифта шудааст. Айни ҳол  аз 13 11 2007 сол бо шаҳодатномаи № 003-36 фаъолияти худро ҷиҳати ба танзимдарории хатсайрҳо   ва мусоидат ба мусофирон амали менамояд. Бинои маъмурии терминал бо таҳрезии муайян (типовой проект) сохта шудааст ва дар давоми соли чори бо дастгирии Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло  аз таъмири асоси бароварда шуд. Дар ҳудуди терминал нуқтахҳои маълумотдиҳи, танзимгари, хонаи модару кӯдак ва ҳуҷчраи истироҳатии ронандагон, толори интизори, ҷадвали ҳаракат, нархномаи кашонидани мусофирон дар самтҳои хизматрасони бо нишондиҳии истгоҳҳои асоси, китоби ба қайдгирии нақлиётҳо ва мусофирон дар хатсайрҳо, журнали бақайдгирии мусофирони имтиёзнок ва  китоби  арзу шикоятҳо  дастраси мусофирон буда, дар ҷои намоён овехта шудааст. Дар терминал ба 16 хатсайрҳо хизмат расонимешавад, ки дар ҳамаи онҳо шиноснома мавҷуд мебошад, ва аз тарафи Вазортаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Ба монанди хатсайрҳои Душанбе, А.Ҷоми, Хуросон, Ёвон , Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик, Фархор, Кӯлоб, Шаҳритуз, Қубодиён, Гаравтӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва хатсайрҳои дохили шаҳр Автовакзал - Бозори Фаровон. Дар хатсайрҳои зикргардида ба ҳисоби миёна аз 1200 то ба 1300 мусофирон ҳамарӯза  хизмат расонида мешавад, ки ин нишондод дар 1 сол 463 ҳазор мусофир ва 24 миллион километрро ташкил менамояд.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ
 
8.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню