Вохӯри бо вакили мардумӣ дар маҳаллаи «Хочи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯри бо вакили мардумӣ дар маҳаллаи «Хочи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар маҳаллаи «Ҳоҷи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии навбатии намояндаи бовариноки вакили маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа  А. Саидҳасанов бо сокинони ин маҳалла баргузор гардид. Маҳаллаи «Ҳоҷи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 2013 аз ҳудуди ноҳияи Бохтар  ба шаҳри Қӯрғонтеппа гузашт ва  соли 2015 аз ин ҳавзаи интихоботии № 39, ки 2126 нафар интихобкунанда дорад, ба тариқи овоздиҳии пинҳони З. Соҳибов  вакил ба маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа  интихоб гардид. Баъди ба ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа гузаштан бо мусоидат ва дастгирии вакили мардуми З. Соҳибов  дар  маҳаллаи «Ҳоҷи Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа як қатор дигаргуниҳо амали гаштаанд. Дар баробари ин як қатор мушкилоти ҳалталаби маҳалла  аз қабили надоштани муассисаи таҳсилоти умуми, қисман нарасидани оби нушоки дар кучаҳои навташкилшуда ва азнавсозии роҳҳои аҳмияти маҳалли дошта ҳанӯз боқи монда аст ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии хҳкимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ояндаи наздик  халли худро меёбанд. Ин нуқтахоро бори дигар муовини Раиси шаҳр С. Қосимзода дар ин вохӯри дар баромадаш дарҷ намуданд. Мақсад аз вохӯрии доиргардида, ин шунидани арзу дархости сокинони маҳал ва расонидани ин дархостҳо ба иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халки шаҳри Қӯрғонтеппа ва мусоидат дар ҳалли онҳо мебошад. Ба ибораи дигар ҳамаи ин ба хотири таъмини иштироки оммаи халқ дар идоракунии давлат бевосита ва ё бавосита (таввасути вакилони худ) аст.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ
 
8.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню