Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси шахри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси шахри Қӯрғонтеппа

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа тибқи нақшаи чорабинихои  Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Шӯрои навбатиии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии Раиси Шӯро мӯхтарам Амирулло Асадулло, муовини Раиси Шӯро Қосимзода Солияхон ва як зумра ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид. Рузномаи Шӯроро гузориши котиби Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  доир ба фаъолияи Шӯро дар давоми сол ва  барасси ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  барои соли  2017 дар бар мегирифт. Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи котиби Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мудири  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа Исматуллозода Ҷамолиддин дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ  шунида шуд. Баъди ҳисобот ва музокираи он аз рӯи масъалаи дуюми Шӯро муовини Раиси Шӯро Қосимзода Солияхон баромад намуда,  тасдиқи нақшаи кори  Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  барои соли  2017-ро  мавриди  муҳокима  қарор дода сипас ба овоз гузошт. Нақшаи кори  Шӯрои кор дар назди Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа  барои соли  2017, ки дар он вазифаҳои Шӯро дар давоми сол оянда мушаххас муайян шудааст, бо овозидихии аксарият датгири ёфт.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ.
 
12.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню