Форуми занони шаҳри Қӯрғонтепппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Форуми занони шаҳри Қӯрғонтепппа

Нахустин форуми занони шаҳри Қӯрғонтепппа ва вилояти Хатлон, ки  дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми фаъолият мекунанд.
Рӯзи 10 декабр дар толори театри навбунёди вилоятии  ба номи «Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қӯрғонтеппаи нахустин форуми занони шаҳри Қӯрғонтепппа ва вилояти Хатлон, ки дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми фаъолият мекунанд,  баргузор гардид.  Ба чорабини бо сухани ифтитои Раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Д. Гулмуҳамадзода хусни оғоз бахшида ҳамзамон аз меҳнатҳои шоёни занони фаъоли вилоят дар тахкими давлатдориву амалисозии сиёсати пешгирифтаи Сарвари ҷумҳуриямон бори дигар ёдовар шуданд. Мақсад аз баргузории форум ин пеш аз ҳама татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии фаъол гардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2011-2020», баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби бонувон ба мақомотҳои қудрати мебошад. Пас аз тақдими сипосномаҳо барномаи омоданамудаи  Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  пешкаши иштирочиёни форум гардид.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ.
 
13.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню