Вохӯрӣ бо ҷавонон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯрӣ бо ҷавонон

Вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи вазорати корҳои дохили  бо ҷавонон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр ва соҳаи маорифи  шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба масъалаи «Ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгири намудани он».
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Қӯрғонтеппа тахти роҳбарии роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азимзода Назир  вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи вазорати корҳои дохили  бо ҷавонон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр ва сохаи маорифи  шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба масъалаи «Ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгири намудани он» доир  гардид. Аз ҳисоботи Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Кӯрғонтеппа Полковники милитсия Н. Раҷабзода «Сатҳи ҷинояткорӣ дар  шаҳри Қӯрғонтеппа ва мубориза бо он» маълум гардид, ки ҳанӯз ҳам сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасон ва ҷавонон ташвишовар буда, таълиму тарбия ва назорати онҳо диққати ҷиддиро талаб менамояд. Ба ин хотир дар мавзӯи «Сабабҳои ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгири намудани он» роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азимзода Назир бо нишон додани мисолҳои мушаххас  сӯҳбати фаҳмондадиҳӣ доир намуданд. Ҷавонон низ дар интиҳои ин вохӯри аз натиҷаҳои ин гунна вохӯриҳо  ва шукргузори аз ваҳдату ягонаги ва оромии кишвар ибрози ақида намуданд. Бо мақсади бархурдор намудани ҷавонону наврасони  шаҳри Қӯрғонтеппа аз оқибатҳои ҳуқуқии ин кирдори барои ҷамъият хафнок баргузори чунин вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ  дар оянда низ  пешбини гардидааст.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ.
 
13.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню