Ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон

Дар шаҳр ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 2 адад муассисаи хусусӣ (Маркази тиббии «Даво» ва Маркази тиббии «Хатлон») ва 22 адад муассисаҳои тиббии вилоятӣ, 17 адад ҳуҷраҳои давлатию хусусии даҳонпизишкӣ, 10 адад ҳуҷраҳои ташхисии ултрасадо ва 106 адад дорухонаҳо ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар сохтори госпиталии шаҳр шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дарунӣ, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 120 кати хоб мавҷуд буда, шумораи коргарон 233 нафар, аз ҷумла духтурон 35 нафар, 113 нафар кормандони миёнаи тиб ва 56 нафар кормандони хурди тиббиро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи 5481 нафар беморон бистарӣ гардида, 5442 беморон табобат ёфтаанд. Дар ин давра аз ҳисоби буҷаи беморхона 40 кат барои беморон, 4 адад курсии чархдор, 3 адад монитор, 4 адад кашаки барқӣ ва 2 маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ ба маблағи умумии 185 ҳазору 120 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Илова бар ин дар шуъбаи таваллуд ба маблағи 102 ҳазор сомонӣ  корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида шудааст. Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2016 шуъбаи ҷарроҳи аз таъмири асосӣ бароварда шуда,  бо катҳои бистарӣ, монитор, кашаки барқӣ ва маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ таъмин карда шуд.   
Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 22 ададро ташкил намуда, дар он  437 нафар мутахассисон  ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ расонида, аз байни онҳо 103 нафарашон духтур, 252 нафар кормандони миёнаи тиб ва 54 нафари дигар кормандони хурди тиб мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассисаҳои мазкур 148 ҳазору 530 нафар беморонро қабул намуда, 76 ҳазору 306 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо муоина намудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети шаҳр 86 ҳазор сомонӣ, 36 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 2 декабри соли 2008,  № 600 қабул гардидааст, инчунин аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ бинои муассиса таъмир карда  шудааст. 
Ахбороти 11 моҳа

16.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню