Шумораи махсуси «Боҷу хироҷ» бахшида ба Паёми солонаи Президент - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Шумораи махсуси «Боҷу хироҷ» бахшида ба Паёми солонаи Президент

Бахшида ба Паёми солонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи махсус нашр намуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», шумораи махсус аз 24 саҳифа иборат буда, дар он саҳифаи махсуси «Аз Паём то Паём» ва навигариҳо аз фаъолияти мақомоти андози кишвар, гузоришҳо аз ҷараёни машваратҳои мустақим (он-лайн) бо андозсупорандагон, насби терминалҳои нав дар мақомоти андози кишвар, тамғагузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пешкаши хонандагон шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин оид ба тартиби фаъолияти ҳукумати электронӣ, гуфтугӯ бо таҷҳизоти муосир, имтиёзҳои андоз барои андозсупорон, истифодаи мошинҳои назорати хазинавии дорои таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ, маркази коркарди маълумот хабарҳо нашр шуда, мусоҳиба бо сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумат Абдуфатоҳи Ғоиб, мақолаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Акрам Рӯзизода, мулоҳизаҳои муовини аввали вазири нақлиёти ҶТ Сӯҳроб Мирзоев ва андешаҳои шаҳрвандон перомуни Паёми солонаи Пешвои миллат ба табъ расидаанд.
Муаллиф: АМИТ «Ховар»

16.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню