Боздид аз шаҳри Кандии Ҷумҳурии Демократи Сотсиалистии Шри-Ланка - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Боздид аз шаҳри Кандии Ҷумҳурии Демократи Сотсиалистии Шри-Ланка

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ба шаҳри Канди, ки дар қисмати марказии ин давлат ҷойгир мебошад, ташриф оварда, аз Ибодатхонаи Дандони Буддо, Осорхонаи байналмилалии буддоӣ ва Боғи ботаникии Парадения дидан намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ибодатхонаи Дандони Буддо омада, бо намунаи ёдгориҳои таърихии Осорхонаи байналмилалии буддоӣ шинос шуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки Ибодатхонаи Дандони Буддо дар соҳили кӯл дар наздикии Қасри Шоҳ қомат афрохта, барои намояндагони аҳли буддои сайёра макони аҳамияти муҳимдошта маҳсуб мегардад ва дар ин ҷой муқадассоти Дандони Буддо нигоҳ дошта мешавад. Ибодатхонаи Дандони Буддо соли 1988 ба рӯйхати Мероси байналмилалии таърихии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Осорхонаи байналмилалии буддоӣ низ як ҷузъи Маҷмааи таърихии Ибодатхонаи Дандони Буддо буда, дар он намунаи ҳайкалу муҷассамаҳои буддҳо ва лоиҳаи ибодатхонаҳои буддоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба маъраз гузошта шудааст.
Баъди боздид аз мавзеҳои таърихии Ибодатхонаи Дандони Буддо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.
Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи подшоҳии ботаникӣ, воқеъ дар шаҳраки Парадения ташриф оварда, бо тарзи парвариш ва нигоҳубини ниҳолу дарахтони маҳаллӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш шинос шуданд. Боғи подшоҳии ботаникии Парадения дар масоҳати 60 гектар доман паҳн карда, дар он намунаи зиёда аз 4 ҳазор гулу гиёҳ, растаниҳои шифобахш ва дарахтони нахл парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.
Худи шаҳраки Парадения, аз ҷумлаи мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола зиёда аз 2 миллион нафар ба тамошои ин шаҳрак меоянд.
Дар анҷоми боздиди худ аз Боғи подшоҳии ботаникӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстии бардавоми мардуми Тоҷикистону Шри-Ланка дар ин боғ як ниҳоли гули ҳамешасабз шинониданд.
Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню