Шӯрои рушди маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Шӯрои рушди маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Қосимзода С.А. шӯрои рушди маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки аксарияти аъзоёни шӯро ва директорони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Аз рӯи масъалаи якуми шӯро оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии шаҳр, мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Қурбонов Қ.  ва аз рӯи масъалаи дуюм «Пешгирии хуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунии ноболиғон»  котиби Комиссия оид ба хуқуқи кӯдаки  назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Шодиев Д. баромад намуданд. Аз ҳисоботҳо бар меояд:  гарчанде, ки механизми иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа дуруст ба роҳ монда шуда бошад, ҳам ҳанӯз ҳам бемасъулиятии падару модарон ва омӯзгорон дар таълим ва тарбияи насли наврас дида мешавад ва ин боиси ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ё ба ҷиноят даст задани ноболиғон мегардад. Ба ин хотир дар нақшаи соли 2017 – и рушди маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати бо шуғл ва бо маҳфилҳои фаннӣ ҷалб намудани наврасони душвортарбия ва кор бурдан бо падару модарони онҳо нуқтаҳои нав илова гардиданд. Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи шӯро: рафти иҷроиши қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 3 июли соли 2012, № 366 дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ислохот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар коллеҷи тиббӣ, касбии техникӣ ва омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ҳисоботҳои роҳбарони ин муассисаҳо шунида шуданд. Пас аз музокираи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гадид. Ҳамзамон бо назардошти фикру мулоҳизаҳои аъзоёни Шӯро нақшаи соли 2017 –и рушди маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа таҳия гардид.
Матбуоти Раиси шаҳр.

19.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню