Ҳисоботи навбатии солонаи вазорату идораҳо ба журналистон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҳисоботи навбатии солонаи вазорату идораҳо ба журналистон

Нишастҳои навбатии ҷамъбасти соли вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баъди Соли нав - 9 январ шурӯъ мешаванд.
Аввали моҳи январ нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 гузориш хоҳанд дод.
Нахуст нишастҳои хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм доир мегарданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.
Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.
Муаллиф: Asia-Plus

19.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню