Эълони Озмун - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Эълони Озмун

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ маҳаллии
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ шаҳри Қӯрғонтеппа БАРОИ
ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
 
Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа:
-мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696,8 сомонӣ;
-мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696,8 сомонӣ.
 
   Воҳидҳои сохтории мақомоти
иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа:
армутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 852,8 сомонӣ.
 
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботи тахассусӣ  барои 
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:
 
Барои ишғолкунандагони  мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
 
- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-  малакаи кор бо компютер.
 
Барои ишғолкунандагони  мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-  малакаи кор бо компютер.
 
       Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Б. Ғафуров 9, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа (шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон:  8 (3222)-2-84-50, факс 8 (3222)-2-49-59 сомонаи расмӣ: www.qurghonteppa.tj, почтаи электронӣ: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj.
 
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
 
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун).
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

21.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню