Эҳтимоли манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Эҳтимоли манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия

Маскав ба Душанбе нома ирсол намуда, дар он иҷозати бечуну чарои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро аз фурудгоҳи Жуковский талаб кардааст.
Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон фишори мақомоти авиатсионии Русия дар робита ба роҳандозии хатсайрҳо аз фурудгоҳи Жуковскийро номақбул мешуморанд. Аз ҷумла дар бораи ширкати ҳавопаймоии «Ямал» сухан меравад, ки иҷозати парвозҳо ба Тоҷикистонро мунтазир нашуда, ба фурӯши билетҳо ба хатсайри Душанбе оғоз кардааст.
Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки санаи 22 декабр Маскав ба Душанбе нома ирсол намуда, дар он иҷозати бечуну чарои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро аз фурудгоҳи Жуковский талаб кардааст. Дар акси ҳол, аз 22 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия манъ карда мешавад. «Чунин фишорро мо номуносиб ва номақбул мешуморем», - таъкид дошт як манбаъ дар Вазорати нақлиёти ҶТ.
Як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои иҷозати парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон, мувофиқасозии ин масъала зарур аст, аз ҷумла гирифтани иҷозати истифодабарӣ барои парвозҳо лозим буда, ин расмиёт 45 рӯзро дар бар мегирад, аммо ширкати «Ямал» дастрасии иҷозати расмиро мунтазир нашуда, худсарона ба фурӯши билетҳо шурӯъ кардааст.
Васоити ахбори умум менависанд, рӯзи сешанбе, 20 декабр бо ҳавопаймои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский бояд беш аз 100 нафар ба Душанбе парвоз мекарданд, аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани иҷозати мақомоти Тоҷикистон, парвоз тариқи ин хатсайр боздошта шуда, мусфиронро дар меҳмонхонаҳо ҷой кардаанд.
Вазорати нақлиёти Русия мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро бо он айбдор мекунад, ки бо манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия, Тоҷикистон тавофуқҳои ҳосилшудаи ҳарду кишварро риоя намекунад.
Дар ин масъала Тоҷикистон доир ба баробарҳуқуқӣ ҳарф мезанад. «Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъзе ҳолатҳоро бо назардошти усули баробарҳуқуқӣ мувофиқа кардан зарур аст», - гуфта буд ба «Азия-Плюс» рӯзи сешанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода.
Муаллиф: Asia-Plus

21.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню