Сафири нави Афғонистон ба Душанбе омад - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Сафири нави Афғонистон ба Душанбе омад

Сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуда, ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд. 
Гуфта мешавад, атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт.
Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ соли 1958 таваллуд шуда, тоҷик аст. Маълумоти ҳуқуқшиносӣ дошта, то таъин шудан ба вазифаи сафири Тоҷикистон ба ҳайси мушовири волии вилояти Балх, яке аз пешвоёни тоҷикони Афғонистон Атомуҳаммад Нур фаъолият мекард.
Залмай Юнусӣ дар ин вазифа собиқ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзуро иваз кард, ки ваколатҳояш дар Душанбе охири моҳи ноябри соли 2016 ба итмом расида буданд.
Муаллиф: Asia-Plus

21.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню