Ғолибияти оташнишонони наврас - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ғолибияти оташнишонони наврас

Макони баргузории озмуни «Оташнишони наврас» байни шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа – муассисаи таълимии рақами 15-и шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб гардид. Барои иштирок дар ин озмун аз шаҳри Қӯрғонтеппа хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ва аз шаҳри Сарбанд литсейи давлатии рақами 1-и шаҳр сафарбар гардида, байни ҳам қувваозмои намуданд. Қабл аз ворид шудан ба толори муассиса аъзои хакамон шоҳиди омодагии дастаи оташнишонони муассисаи таълимии рақами 2-и  шаҳри  Қӯрғонтеппа шуданд. Аз тарафи қисми 21-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр автомашинаи сӯхторхомӯшкуни, бо теъдоди муайяни асбобу олоти оташхомӯшкуни ба маърази тамошо гузошта шуда, иштирокчиёни озмун дар бораи автомашина ва дигар асбобу олотҳои мавҷуда маълумоти мухтасар доданд ва аз кормандони қисми 21-уми хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр изҳори сипосу қаноатманди карданд.
Чуноне хонандагон изҳор доштанд, давоми муддате, ки ба озмун омодаги гирифтаанд, кормандони қисми 21-уми ХХДО шаҳр оид ба қоидаҳои бехатари аз сӯхтор, истифодаи олотҳои оташнишони, ҳатми будани риояи қоидаҳои бехатари аз сӯхтор, роҳи наҷот, сабабҳои асосии рӯй додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, фарқи сӯхтор аз оташ, вазифаи шаҳрванд ҳангоми мушоҳидаи сӯхтор, истифодаи оқилона ва дуруст аз таҷҳизоти барқию газӣ, оташхомӯшкунак ва тарзи истифодаи он ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва як қатор маълумоти дигарро оид ба қоидахои бехатари аз сӯхтор ба хонандагон фаҳмонидаанд. Зимни баргузории озмун хонандагон дар амал тарзи истифодаи чанде аз асбобу олотхои сӯхторхомӯшкуниро ба ҳозирин шарҳу тафсир доданд.
Сипас, аъзои хакамон аз намоишгоҳи омодакардаи наврасон дидан намуданд. Дар намоишгоҳи оташнишонони навраси шаҳри Қӯрғонтеппа расмхои зиёде дар мавзӯи сӯхтор, ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои бехатари аз сӯхтор, лахзаи сӯхтор дар ҷангалзор ва хонаи истиқомати инъикоси пурраи худро пайдо карда буд. Тарзи нодуруст истифода шудани васлак ва ҳолати аз шиддатнокии зиёд сӯхтани васлакҳо намоишгохи омодакардаи оташнишонони навраси шаҳри Қӯрғонтеппаро ғани гардонида буд. Аъзои хакамон ба ҳунару маҳорати хонандагон аҳсан гуфтанд, ҳамзамон аз намоишгоҳи пешниҳодкардаи оташнишонони навраси шаҳри Сарбанд дидан намуданд. Аз ҷониби оташнишонони навраси шаҳри Сарбанд низ, бо мақсади иҷрои шарти 6-уми озмун расмҳои зиёде рӯйи қоғаз оварда шуда, пешкаши аъзои хакамон гардонида шуд.
Озмун дар толори барҳавои муассисаи таълимии рақами 15- барпо карда шуд ва тибқи низомнома иштирокчиён баромад намуда, аъзои ҳар як даста кӯшиш мекард, ки махорат ва дониши доштаашро оид ба қоидаҳои бехатари аз сӯхтор мавриди имтиҳон қарор диҳад.
Шарти аввали озмун «саломнома» аз тарафи ҳарду даста ҳам хуб иҷро карда шуд. Дар ин шарт хонандагони муассисаи таълимии рақами 2-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар радифи забони тоҷики, ҳамчунин бо забони рӯси, хитоӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ низ дар мавзӯи  сӯхтор шеърҳо қироат намуданд.
Дар иҷрои шарти дуюми озмун, - мушоираи бадеи наврасон фаъолона ширкат гирифтанд. Агарчи аз тарафи хонандагони муассисаи таълимии №2-и шаҳр шеърҳо бо забони русӣ ва дар мавзӯи сӯхтор қироат гардид, мутаассифона, қироати ифоданоки шеър дар ин шарт аз тарафи оташнишонони навраси шаҳри Қӯрғонтепа мушоҳида нашуд. Бартарияти оташнишонони навраси шаҳри Сарбанд дар ин шарти озмун бараъло эҳсос гардид, чунки шеърҳои пешниҳодкардаи оташнишонони  навраси сарбандӣ дар  мавзӯи сӯхтор бо маҳорати баланд ва ифоданок  пешкаш карда шуд.
Шарти сеюми озмун аз тарафи наврасони ҳарду шаҳр ҳам хуб иҷро нагашт. Саҳначаҳои пешниҳодшуда на он қадар мазмуни баланди тарбияви доштанд. Дар иҷрои шарти чорум ва панҷум, посухгӯи ба суолҳо хонандагони шаҳри Сарбанд дар қиёс бо оташнишонони шаҳри Қӯрғонтеппа бартарият доштанд. Хозирчавобии наврасони шаҳри Сарбанд баръало хангоми иҷрои ин шартхо мушоҳида карда шуд.
Ба шартҳои шашум ва ҳафтуми озмун низ аз тарафи аъзои хакамон баҳои муносиб дода шуд. Бо назардошти он, ки оташнишонони навраси муассисаи таълимии рақами 2-и шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгохи хеле чолибро пешкаш намуданд ва дар иҷрои шартҳои дуюму сеюм, бартарият доштанд, баҳои баланд насибашон шуд ва дар ин озмун 156 хол ба даст оварда, ғолиб дониста шуданд.
Дар ҷараёни озмун аз тарафи хонандагони муассисаи таълимии рақами 2-и шаҳри Қӯрғонтеппа суруду оҳангҳои шӯху ҷаззоб пешкаши аҳли толор карда шуд.
Озмуни «Оташнишони наврас» соли чорум аст, ки байни наврасони шаҳру навохии вилоятамон гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии баргузории озмун бо иштироки васеи хонандагон дар он собит мегардад, ки дониши хонандагон оид ба қоидаҳои бехатари аз сӯхтор баланд бардошта шавад.
Ҳамчун як тан аъзои ҳайати хакамон мехоҳам дарҷ намоям, ки дар муддати чор сол нахустин маротиба оташнишонони навраси шаҳри Қӯрғонтеппа ба дастаи харифони худ ғолиб омаданд. Заҳмати омӯзгорон, бахусус омӯзгори фанни омодагии дифоъ, чонишини сарвари муассиса оид ба корҳои таълими, сарвари муассисаи таълими ва дигар омӯзгорон, ки зимни баргузории озмун хонандагонро ҳамроҳи доштанд,  дар чодаи омода кардани хонандагон ба озмун калон аст. 
Матбуоти Раиси шаҳр     

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню