Эҳтиёт бошед - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Эҳтиёт бошед

ЗУКОМ  ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Зуком бемории шадиди сироятиест, ки  бо иллатёбии роҳҳои нафас ва аломатҳои захирсироятии бадан мегузарад. Барангезандаи ин бемори вирус мебошад. Тайи ин солҳо зиёда аз садҳо намуди зуком ба мо маълум буданд ва ҳоло боз як намуди нави вирус дарёфт шуд, ки он ҳам ба гурӯхи  вируси зуком дохил карда шуд.
Зуком ба  3 намуд тақсим мешавад:
1.     Зукоми мавсимӣ
2.     Зукоми паранда
3.     Зукоми вируси А (НI.,NI).
Ҳатто лимони бузург зукомро шохи эпидемияҳо маънидод кардаанд. Яъне зуком бемориест, ки дар муҳлати хеле кутоҳ миллионҳо нафарро фаро гирифта метавонад.
Манбаи бемори шахси бемор мебошад. Махсусан, дар рӯзҳои аввали бемори дар организми одам вирус ба муддати 7-10 ва зиёда аз 12 рӯз боқи монда метавонад. Сироятёби аз шахси бемор ба роҳи ҳавои ва қатраги ба амал меояд. Нисбати зуком нафарони синну соли мухталиф  таъсирпазиранд. Эпидемияи зуком махсусан дар фасли тирамоҳ ва зимистон хеле авч мегирад.
Давраи нихонии бемории зуком кутоҳмуддат буда, аз якчанд соат то ба ду шабонарӯз идома меёбад. Вируси зуком паразити дохилиҳуҷайравист ва ба эпителяҳои роҳҳои нафас тез паҳн мешавад.
Аломатҳои зуком: дарди сар, бемадори, баландшавии ҳарорати бадан, дилзании тез-тез, хушк шудани пӯсти бадан; баланд шудани фишори хун, кам гаштани ихроҷи пасафкан, давраи баландшавии харорати бадан кутох аст – 2 то 5 рӯз. Аломатхои захролуди хеле зуд ташаккул меёбад, дарди сар, чарх задани сар, қайкуни, зиёд шудани хиссиёти ломиса, ошуфтаги, бесаранчоми хангоми таби баланд дар баъзе кӯдакон, тирагии ақл, вас-васа ё фиреби эхсосот, аломатхои минигиалии бадан, дарди мушак ва табларза дидан мумкин аст. Дар натиҷаи осеб дидани капелярҳо, хуншори аз бини сар мешавад.
Синдроми геморарги: дар рӯи пӯсти дасту пой ва бадан доначаҳои хунрезиовар зоҳир шуда метавонад. Зуком дар кӯдакони хурдсол бо рагкашии ташаннуч, бехушшави, қайкуни, баъзан аломатҳои манингизми сар дар вақти баланд шудани ҳарорати бадан мушоҳида мегардад. Махкам будани роҳи нафас ва варамидани луобпардаҳои роҳҳои нафас, сулфаи хушку дағал, синдроми диққи нафас, овози бемор суст ва гирифтаги мегардад.
Сурати хун: лейкоситоз, лимфоситоз, эозинопиния.
Оризаҳо: диққи нафас, пневманияҳои интерситсиоли, бронхит, илтихоби пардаҳои шуш, гайморит, ринит, невралгияҳо, плекситҳо, варами майнаи сар, энсефалити  хунрезиовар, зарар дидани асабҳои шунавои, бинои, меокардидхои баъди зуком.
Ташхис: дар асоси шикоят, падидаи эпидемиологи, падидаи бемори, дар асоси таҳлили вирусологи монда мешавад.
Барои пешгирии авҷи бемори  дар терминалҳои роҳҳои оҳан ва ҳавопаймои нуқтаҳои санитарии эпидемиологи фаъолият менамоянд.
Ҳамдиёрони азиз! Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар вақти пайдо шудани ин аломатҳо ҳатман ба духтури ҷойи истиқомат муроҷиат кунед. Табобати бемори дар  беморхонаи сирояти бояд сурат гирад. Ҳангоми гирифтори ба бемори дар хона табобат бояд чунин сурат гирад: ёрии аввалин ба бемор ин паст кардани ҳарорати бадани ӯ бо доруҳои парасетамол, аспирин, ё ин ки  молидани спирт дар бадани бемор, бисёр нӯшидани оби ҷӯшонидашуда, гарм нигоҳ доштан ва баъд ба духтур муроҷиат кардан аст. Барои пешгирии ин бемори нафароне, ки ба ин бемори  дучор шудаанд, бояд ҳатман пеши даҳон ва биниро бо ниқоби докаги пӯшонда ва ҳар рӯз пагоҳи хонаро бо испанд дуд андохта, баъд ҳавои хонаро тоза карда гарм нигоҳ доранд.
Ҳангоми пайдоиши эпидемияҳои калон  ваксинатсияҳо гузаронида мешаванд. Барои ба ин бемори дучор нашудан бояд ҳар рӯз бо варзиш ва машқи бадан машғул шавед. Хӯрокҳои серғизо истеъмол намуда, худро дар фасли зимистон гарм нигоҳ доред.
Духтури бемориҳои сироятии Маркази саломатии калонсолон: М. Бобоҷонов

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню