Огози марҳилаи дуюми таъмири роҳҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Огози марҳилаи дуюми таъмири роҳҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи мусофиркашони ва танзими ҳаракат дар роҳҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бар рафти иҷрои лоиҳаи грантии азнавсозии роҳҳои шаҳр, созишномаи дуҷониби ҳамкориҳои техники-иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой (пудратчи ширкати «China Road») ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳилаи дуюм) бо иштироки Раиси вилоят – Д. Гулмуҳамадзода ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оғози расми бахшида шуд. Ёдовар мешавем, ки дар давоми соли 2015 дар асоси лоиҳаи мазкур марҳиллаи якум дар чор кучаи марказии шаҳр азнавсозии роҳҳо (зиёда аз 6,2 км), кӯпрукҳо (дар кучаи Г. Норинов 18 метр, таъмири ҷории купрӯки хиёбони Ваҳдат), васеъ намудани паҳлӯи роҳ ба андозаи зиёда аз 2 –метр, қисман иваз намудани новаҳои паҳлӯи роҳ, васл намудани чароғакҳои замонавии роҳҳнамоии танзими ҳаракат, сохтмони гузаргоҳи зеризамини ва бо мақсади беҳтар намудани маҷрои чӯи «Бибихонум» сохтмони ду нақби обгузар дар хиёбони Ваҳдат ба анҷом расонида шуд. Дар баробари лоиҳаи грантии азнавсозии роҳҳои шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳалли дар давоми солҳои 2014-2016 таъмири зиёда аз 29 км роҳҳои аҳамияти маҳалли дошта низ ба анҷом расонида шуд. Дар марҳиллаи дуюм мутобиқи лоиҳаи мазкур азнавсози ва таъмири асосии зиёда аз 8, 9 км  роҳҳои аҳамияти маҳалли дошта, дар 5 кӯчаи шаҳр пешбини гардиааст ва то охири соли 2017 ин таъмиру азнавсози ба охир расонида мешавад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ  

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню