Фарзандони Ватандӯстро тарбия намоем - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Фарзандони Ватандӯстро тарбия намоем

-Чунин буд мақсади мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ
Дар ҶДММ “Фаровони Қӯрғонтеппа”  вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо соҳибкорон баргузор гашт. Дар он Варқа Зайниддинов, намояндаи Прокуратураи вилояти Хатлон, Сафарзода Баҳриддини Сафар, прокурори шаҳр, Солеҳҳа Қосимова, муовини раиси шаҳр ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Сафарзода Баҳриддини Сафар, прокурори шаҳр, дар назди ҳозирин баромад карда, таъкид дошт, ки баъзе аз ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайр шомил гашта, натанҳо ҷони худ балки ҷони наздикону пайвандони хешро низ ба хатар гузошта, аҳлу байти хешро ба давлатҳои Сурияву Ироқ бурда, дигар ба ватан барнагаштаанд.
Асосан  шахсоне, ки дониши  дунявинадошта, ба гурӯҳҳои  террористию ифротгаро шомил мешаванд. Ҳодисаҳои ҷалби ҷавонону донишҷӯён низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки тамоми тадбирҳоро андешем, то пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ гирифта шавад ва сарнавишти талху сангини шахсони гумроҳшуда такрор наёбад.
Ҳамчунин Варққа Зайниддинов, Солеҳа Қосимова дар назди ҳозирин баромад карда, иброз доштанд, волидайн ба таълиму тарбияи фарзандони хеш аҳамият дода, дар таълиму тарбияи онҳо масъул бошем. Ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, фарзандро тарбияи дуруст диҳем. Барои онҳо шароит муҳайё созем, то онҳо бо дониши хубу аъло мактабро хатм карда, ба мактабҳои олии кишвар дохил шаванд, касби дилхоҳашонро аз худ намуда, ҳамчун ватандору фарзанди асил ба халқу диёри хеш содиқона хизмат намоянд.
 
А. СОЛЕҲОВА
     
 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню