Озмуни рақсҳои замонавӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Озмуни рақсҳои замонавӣ

Бо ташабусси бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар толори кохи «Ватан» бахшида ба Соли нави мелоди байни ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа даври дуюм ва ҷамъбастии озмуни рақсҳои замонави (бальный танец, вальс) баргузор гарид. Мақсад аз баргузории озмун, ин пеш аз ҳама ғани гардонидани маънавиёт ва тафаккури бадеии ҷавонон, омӯзиши фарҳанги замони муосир, рушди хореографияи замонавӣ, дар рӯҳияи зебопарасти тарбия намудани ҷавонон ва ҳамчунин дар ин замина дарёфти падидаву истеъдодҳои нав бо мақсади дастгириву ҳавасманкунии онҳо мебошад. Ғолибони ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Дипломҳо ва туҳфахои таъсиснамудаи Бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  мукофотонида шуданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ  

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню