Рейди муштарка - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Рейди муштарка

Рейди муштаркаи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар санаи 21 декабри соли 2016 тибқи нақшаи кории комиссия аз тарафи комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак – Қосимзода Солияхон, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак – Шодиев Дилшод, котиби матбуотии раиси шаҳр – Бобохонов Қаҳрамон, мудири шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи шаҳр – Тоҷиев Чумахон, намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва намояндаи телевизиони мустақими шаҳр дар якҷояги бо нозирони шӯъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба масъалаҳои оворагарди ва дар вақти соатҳои дарси ба марказҳои компютери рафтани ноболиғон амалиёти муштарак гузаронида шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо ноболиғон ва волидайни онҳо дар толори шӯъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак Қосимзода Солияхон ва сардори шӯъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа Н. Раҷабзода моҳият ва мафҳуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаҳмонида шуд.                                      
Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак: Шодиев Д.

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню