Паёми Пешвои миллат - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Паёми Пешвои миллат

Намоиши мустақими телевизонии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 декабри соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамаи колективҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълими ва умуман ба иттилооти халқ тариқи воситаҳои ахбори омма расонида шуд. Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва эктремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташаннич гардонидани вазъи сиёсии саёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисоди дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид. Ба ин хотир Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа ва тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвадони худогоҳу  ватандӯст сармашқи фаъолияти  худ  қарор дода, чихати амалисозии дастуру супроишҳои дарҷ гардида, то паёми дигар  саъю кушиш менамоянд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ  

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню