Ҳисобот - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҳисобот

Ҳисоботи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ёздаҳ моҳи соли 2016
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар якҷояги бо коллективҳои меҳнатии шаҳр супориш ва дастурҳои Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба рохбари гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои нишондихандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди дар соли 2016, аксар соҳаҳои хоҷагии халқ бо натичаҳои арзандаи истехсоли ноил гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи тачлили чашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кори ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварда, якчанд иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодиро ифтитоҳ намуданд. Ҳамзамон дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо иштироки зиёда аз 17 ҳазор нафар сокинони шаҳр барномаи театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни Истиклолияти давлати дар сатҳи баланди ташкили баргузор гардид.  
Дар давраи ҳисоботи 570 қарор ва 205 амри раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба тасвиб расида, аксар қарорҳо вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити моддии аҳоли қабул карда шудаанд.
Сараввал бояд қайд кард, ки бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016, № 4 дар ҳудуди шаҳр ҳавзаи раъйпурсии Қӯрғонтеппа № 44 таъсис ва тасдиқ карда шуд. Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Қӯрғонтеппа № 44 дар навбати худ бо мақсади дар сатҳи баланди сиёси ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсии Ҷумҳурияви, дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа шумораи участкаҳои раъйпурсиро иборат аз 41 адад ташкил намуда, ба ҳайати комиссияҳои участкавии раъйпурси зиёда аз 281 нафар кормандони соҳаҳои гуногун ҷалб карда шуданд. Шумораи умумии раъйдихандагон дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа 47317 нафарро ташкил намуд. Комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Қӯрғонтеппа № 44 дар Ҷумҳури аввалин шуда овоздихиро ҷамъбаст намуда, аз шумораи умумии овоздиҳандагон дар рӯзи раъйпурсии умумихалқи, ки 22 майи соли 2016 баргузор гардид, 41350 овоздиҳанда ё ин, ки 87,3 фоиз иштирок намуда, 39638 нафар (95,8 фоиз) ба тарафдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
Дар давраи ҳисоботи аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 3 иҷлосия гузаронида шудааст, ки дар он дар бораи эътироф намудани ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати панчум ба ҷойи вакилони хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии № 25, № 27 ва № 37, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломати», рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 13 июни соли 2011, № 336 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 майи соли 2011, № 121 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардони, ҷамъовари, нигоҳдори, интиқол ва коркарди лампаҳои каммасраф», ҳисоботи  кории мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2015 ва семоҳаи якуми соли 2016, қарор дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа аз 25 декабри соли 2015, № 61 «Дар бораи тасдиқи аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа барои соли 2016» қабул карда шуда, рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 15 июни соли 2009, № 286 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 майи соли 2009. № 208 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 253 «Оид ба тасдиқи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», оид ба омӯзиши вазъи хизматрасони ва беҳдошти фаъолияти муассисаҳои тандурусти, фарҳанги ва варзиши дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳисоботи мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди дар соли 2015 ва нимсолаи якуми соли 2016, инчунин оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мавриди барраси қарор дода шудаанд.
Ҳалли аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди, вусъати корҳои ободони дар шаҳр, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва  пуррагардонии аҳоли вобаста мебошанд, ки ин масъала ҳамеша дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, барои истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Дар натиҷа, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо назардошти андози иҷтимои нақшаи қисми даромади андозҳо 105 фоиз иҷро гардида, ба аҳоли 127 млн. 262,3 ҳазор сомони ворид гардида, нисбати нақшаи ёздаҳмоҳаи соли ҷорӣ (нақша 120 млн. 688,4 ҳазор сомони) 6 млн. 573,9 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Дар ин давра қисми хароҷоти аҳолии маҳалли ба ҷойи 72 млн. 730,1 ҳазор сомони 72 млн. 163,2 ҳазор сомони харҷ гардид.
Ҳамзамон 100 ҳазор сомони ба фонди стабилизатсиони, 30 ҳазор сомони ба фонди иншоотҳои махсусан муҳими Ҷумҳурияви ва 13 млн. 952,5 ҳазор сомони ҳиссаҷудокуни ба аҳолии вилояти Хатлон равона карда шудааст.
Иловатан аз ҳисоби бақияи озоди аҳоли ба соҳаи маориф 39,9 ҳазор сомони, ба идораи сохтмони асоси 52 ҳазор сомони, ба соҳаи коммунали 80 ҳазор сомони ва барои таъмири роҳҳо ба соҳаи нақлиёт 1 млн. 900 ҳазор сомони равона гардидааст. Инчунин аз ҳисоби даромадҳои барзиёд нисбати хароҷот, дар асоси дархостҳои ташкилоту идораҳои шаҳр барои дастгирии иҷтимоии аҳоли ва паст кардани сатхи камбизоати, барои чорабиниҳои фарҳангию варзиши ва ободони 265,8 ҳазор сомони, ба соҳаи мудофиа 60,1 ҳазор сомони, ба соҳаи маориф 41 ҳазор сомони, ба соҳаи манзилию коммунали 792,9 ҳазор сомони, ба идораи сохтмони асосии шаҳр 193 ҳазор сомони ва барои таъмири роҳҳо ба соҳаи нақлиёт 921 ҳазор сомони равона гардидааст. Дар баробари он аз ҳисоби фонди эҳтиётии раиси шаҳр дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ва дархостҳои идораю ташкилотҳо, барои дастгирии иҷтимоии аҳоли ва паст кардани сатҳи камбизоати дар шаҳр 308,4 ҳазор сомони маблағгузори карда шудааст.
Ҷихати барҳам додани бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимои дар ин давра як қатор тадбирҳо андешида шуда, барои кам кардани бақияпулиҳои андозҳо ва пардохтҳо ба 260 андозсупорандагони қарздор огоҳинома фиристода шуда, аз ин ҳисоб ба аҳоли 7 млн. 989,9 ҳазор сомони ворид гардидааст. Оиди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 57 адад қарор ба маблағи 9 млн. 990 ҳазор сомони қабул карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба аҳолии давлат 7 млн. 696,3 ҳазор сомони ворид гардидааст. Ҳамзамон 528 протоколҳои ҳуқуқвайронкуни ба маблағи 367,1 ҳазор сомони тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 287,4 ҳазор сомони ба аҳоли пардохт шудааст.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеъии нозироти андози шаҳр беҳтар гардида, дар он нисбати ҳамин давраи соли гузашта  74 нафар андозсупорандагони молу мулки ғайриманқул, 1032 нафар андозсупорандагони андози истифодаи замин ва 548 нафар андозсупорандагони воситаҳои нақлиёт зиёд аз қайд гузаштаанд.
Дар давраи ҳисоботи дар нозироти андози шаҳр сохибкорони инфиродии бо шаходатнома фаъолияткунанда 876 нафар, бо патент 3810 нафар,  849 адад корхонахо, 16 хоҷагиҳои дехқони дар қайд мебошанд, ки нисбати аввали сол бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 42 андозсупоранда, бо патент 227 андозсупоранда ва шумораи корхонаҳо дар қайди нозироти андоз 25 адад зиёд гардидааст.
Дар натичаи андешидани тадбирҳои таъсирбахш нақшаи умумии андози иҷтимои 100 фоиз ба иҷро расида, ба аҳолии фонди нафақа 44 млн. 451,1 ҳазор сомони ворид гардидааст.
Дар Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи шаҳр 7563 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра талаботи нафақаи нафақахӯрони шаҳр 22 млн. 692,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки моҳ ба моҳ тавассути кортҳои “Амонатбонк”-и шаҳри пурра пардохт карда шудааст.
Шуъбаи кумакрасонии иҷтимои дар хона аз ҳисоби маблағҳои аҳолии маҳалли барои расонидани кумаки иҷтимои фаъолият менамояд, ки 44 нафар кормандони муассисаи мазкур  ҳамарӯза ба 356 нафар шахсони барчомонда, яккаву танхо ва бепарастор  кумаки иҷтимои мерасонанд.
Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади ҳифзи саломати ва эҳтиёҷмандони маъюб дар давраи ҳисоботи ба 45 нафар маъюбон роҳҳатҳои табобати таъмин намуда, 8 нафар маъюбони эҳтиёҷманд дар муассисаҳои будубоши доимии Ҷумҳурияви ҷойгир карда шудаанд. Дар бахши мазкур аз 3120 аризаҳои воридгашта ба 2800 нафари онҳо муясар шуд, ки дар маҳзани ягонаи оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шаванд.  Ҳамзамон ба оилахо ва шаҳрвандони камбизоат тавассути бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк - 43” 750,5 ҳазор сомони чудо карда шудааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 музди меҳнати миёнаи меҳнаткашони шаҳр 991 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи  61,9 сомони зиёд мебошад.
Қарзи музди меҳнат ба 1 ноябри соли 2016 маблағи 184,1 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҳисоби корхонаи фаръии давлатии “Қӯрғонтеппагаз” - и вилоят мебошад.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли 1783 нафар шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 1363 нафарашон ҳамчун корчӯй ба қайд гирифта шуда, 650 нафари онхо бо ҷойи кори доими таъмин гаштаанд.
Дар асоси нақшаи пешбинишуда дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 11 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии кори ва вазифаҳои озод гузаронида шудаанд, ки дар онхо беш аз 53 ташкилоту муассисахо ба шахсони бекор 220 ҷойҳои холии кориро пешниход кардаанд. Дар ин чорабинихо 107 нафар корҷӯён ба худ кори муносиб пайдо намуда, бо ҷойи кори доими таъмин гардидаанд. Дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмахо 955 ҷойҳои нави кори таъсис дода шудааст.
Барои рушди сохибкори ва чалби сармоя, бахри таъсиси ҷойҳои нави кори ба 34 нафар шаҳрвандони бекори дар қайдбуда ба маблағи 96 ҳазор сомони қарзҳои имтиёзнок ва ба 106 нафар шаҳрвандоне, ки аз хизмати харби баргаштаанд ва аз маҳбас озодшудагон 67 ҳазор сомони кумакпулихо пардохт карда шудааст.
Ҳамзамон 275 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтохмуддат аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, таррох, кафшергари барқи, мухосиб ва мутахассиси компютер чалб карда шудаанд.
Аз тарафи комиссияи хусусигардонии фонди манзили шаҳр дар давраи ҳисоботи 20 адад манзил, аз чумла 10 адад ба тариқи ройгон ва 10 адад бо маблағи 13,9 ҳазор сомони хусуси гардонида шудааст.
Мувофиқи ҳисоботҳои бахши сармоягузори ва идораи амволи давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ оиди ичораи амволи давлати 48 шартномаҳои тарафайн баста шуда, маблағи ичорапулии солона 210,3 ҳазор сомониро ташкил дода, ба аҳоли 180,3 ҳазор сомони ворид гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17,2 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Филиали Корхонаи вохиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар шаҳр аз рӯи нақшаи пешбинишуда фаъолият намуда, дар ин давра иҷрои нақшаҳои пешбинишударо 114 фоиз ба иҷро расонида, ба шаҳрвандоне, ки аз ҳодисаҳои суғуртави зарар дидаанд, ба маблағи 90,1 ҳазор сомони ёрии молияви расонида шудааст. Иҷрои нақшаҳои ҳамаи намудҳои суғуртаи ҳатми ва ихтиёрии ташкилоту муассисахо, корхонахо ва шахсони ҳуқуқи пурраю барзиёд таъмин карда шуда, андози ҳисобишуда 88,1 ҳазор сомони, аз чумла андози иҷтимои 17,1 ҳазор сомони пурра пардохт карда шудааст.
Гардиши чаканаи мол якчоя бо бахши хусуси дар ёздаҳ моҳи  соли 2016 маблағи 1090,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 199,7 млн. сомони зиёд буда, афзоиши гардиши мол дар шаҳр 122,4 фоизро дарбар гирифтааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 149 млн. 40 ҳазор сомони хизматҳои гуногуни пулаки ба аҳоли расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 26 млн. 152,3 ҳазор сомони кам гардидааст. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатхи хизматрасони аз ҳисоби бонкхо ва филиалҳои он дар шаҳр фаъолияткунанда мебошад, ки шумораи онхо зиёда аз 16 ададро ташкил медихад. Соли ҷорӣ сатхи қарзгирии аҳоли аз бонкхо паст гардида, хизматрасони дар шаҳр аз ин ҳисоб нисбати соли гузашта 31 млн. 862,2 ҳазор сомони кам гардидааст.
Алҳол дар ҳудуди шаҳр 3 бозори хусуси фаъолият доранд, ки гардиши мол дар онхо 867 млн. 188,9 ҳазор сомониро ташкил дода,  79,5 фоизи  гардиши умумии молро дарбар мегирад. Дар баробари ин 142 марказҳои савдо ва мағозахо, 49 ошхона, 22 тарабхона, 108 адад дорухона, 6 адад мехмонхона, 6 адад ширкатҳои мобили, 24 адад коргохҳои дӯзандаги, 11 адад кошонаҳои хусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасони ба мардум хизмат мерасонанд. Дар давраи ҳисоботи аз чониби сохибкорон 19 адад нуқтаи хизматрасони сохта ба истифода дода шудаанд, ки тавассути онхо 73 ҷойи нави кори таъсис дода шудааст.
Бо мақсади фаровон намудани бозори истеъмоли ва таъмини  амнияти озуқавори аз чониби маъмурияти бозорхо ва сохибкорон дар ин давра 950 тонна картошка, 900 тонна пиёз ва 1500 тонна орд захира шуда, ҳамарӯза ба фурӯш бароварда мешаванд.
Бо мақсади устувор нигох доштани вазъи бозори истеъмоли ва дар сатхи муайян нигох доштани нархҳои молҳои ниёзи мардум, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2001, № 943 ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маиши», чихати бехбуди бахшидан ба вазъи корхо дар бозорхо, нуқтаю марказҳои савдо ва хизматрасони чораҳои таъсирбахш амали гардида истодааст.
Дар шаҳр 44 хоҷагиҳои дехқони фаъолият дошта, дар он 628 гектар заминҳои корам ва 33,7 гектар боғот вучуд дорад. Инчунин заминҳои корами хоҷагиҳои аҳоли 528 гектарро ташкил намуда, бахри иҷрои нақшаи истехсоли махсулоти кишоварзи тадбирхо андешида, дар сатхи шаҳр кишти тирамоҳии  ғалладонагихо 113 га, гандум 79 га, чав 13 га, чуворимаккаи дон 13 га, сабзавот 391,1 га, пахта 289 га, чуворимаккаи хӯроки чорво 11,7 га, алафҳои бисёрсола 125 га ва дигар сабзавотхо 113,7 га гузаронида шудааст.
Ҷамъоварии ҳосили зироатҳо дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, аз ҷумла  картошка 1406 тонна, ғалладонагихо 1665 тонна, сабзавот 11050,6 тонна ва мевагиҳо 111 тоннаро ташкил медихад.  Маблағи умумии истехсоли махсулоти кишоварзи 42 млн. 928 ҳазор сомониро ташкил медихад, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 221,2 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Тибқи дурнамо кишти такрории зироатҳои кишоварзи дар хоҷагиҳои дехқонии шаҳр 138 га пешбини шуда, то имрӯз дар майдони 127 га кишти такрори гузаронида шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар натичаи андешидани тадбирҳои иловаги нақшаи содироти махсулоти кишоварзи 123,4 фоиз, пилласупори 103 фоиз ва нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта 105 фоиз иҷро гардида, нақшаи ғунучини он иҷро гардид.
Аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 2262 адад санчишҳои назорати гузаронида, нисбати 344 масъулини ташкилоту муассисахо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии  маъмури тартиб дода,  ба маблағи 32,9 ҳазор сомони чарима баста шудааст. Инчунин аз тарафи муассиса 648 хулосаи санитари ба сохибкорони соҳаи савдо ва хизматрасони дода шудааст. Вазъи бемориҳои сирояткунанда муътадил буда, алангаи пахншавии он ба қайд гирифта нашудааст. Амнияти эпидемиологии шаҳрвандон пурра таъмин буда, зери назорати қатъии мутахассисони марказ қарор дорад.
Маркази мубориза алайхи касалиҳои хайвоноти шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин давра 419 сар хайвони калони шохдорро бо касалии буғумдард ва 308 сар хайвони калони шохдорро бо касалии зардпарвин ташхис намуд.        Ҳамзамон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тарафи мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва маркази мубориза алайхи касалиҳои хайвонот чорахо андешида шуда, дар давраи ҳисоботи 422 кг гӯшт, хасиб 400 кг, махсулоти шири 298 литр, тухм 1450 дона ва 700 литр равғани растани аз фурӯш бароварда шудааст.
Дар соҳаи саноати шаҳр истехсоли махсулот ва корҳои хизматрасони 122 млн. 975 ҳазор сомониро ташкил медихад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015  ба маблағи 8 млн. 360,6 ҳазор сомони зиёд буда, афзоиши истехсол 107,3 фоизро дарбар мегирад.
Дар давраи ҳисоботи маъмурияти ҶСК «Трансформатор», ҶДММ «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Коргоҳи дӯзандаги»  дар натичаи амали намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, истехсоли махсулот нисбати ҳамин давраи соли 2015 дар ҶСК «Трансформатор» ба маблағи 2 млн. 551,6 ҳазор сомони, ҶДММ «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ба маблағи 175,3 ҳазор сомони ва «Коргохи дӯзандаги» ба маблағи 446,6 ҳазор сомони зиёд гардидааст.
Ҳамзамон мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, оиди таъсиси корхонаҳои саноати 2 адад корхонаҳои истехсоли фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин давра ҶДММ “Коргохи дӯзандаги-2016” махсулотҳои дарзи ба маблағи 253,8 ҳазор сомони ва ҶДММ “Қӯрғонтеппа-сохтмон” махсулотҳои сохтмониро ба маблағи 6 млн. 910,4 ҳазор сомони истехсол намудааст.
Дар ҳудуди шаҳр 7 адад муассисаҳои нақлиёти, аз чумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияти махдуди «Сафар-К», «Шариф», «Нурафкан», «Успех», «Қӯрғонтеппатранс», «Хатлонтранс» ва «Мусофирбар» фаъолият намуда, ба 54 хатсайрҳои мусофирбарие, ки ба маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа рафту омад доранд, хизмат мерасонанд.
Дар давраи ҳисоботи ба воситаи ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт 1 млн. 383,1 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ  кашонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 афзоиш 103 фоизро ташкил медихад.
Бо ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёти мусофиркашон 4 млн. 981,4 ҳазор нафар мусофирон кашонида шуд, ки 137,8 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро дарбар мегирад.
Ҷихати ба танзим даровардани харакат ва ҷобаҷогузории нақлиёт Комиссия оид ба таъмини бехатарии харакат дар рохҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият менамояд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои комиссияи мазкур мунтазам амалиётхо гузаронида шуда, оиди чобачогузории хатсайрхо, хуччатгузории ронандагоне, ки ба мусофиркашони машғуланд, риояи аломатҳои рох ва қоидаҳои харакат дар роҳҳо, коршоямии чароғакҳои рохнамо санчишхо гузаронида мешавад. Ҳамзамон фаъолияти истгохҳои нақлиётие, ки хатсайрхо ба онхо вобаста шудаанд санчида мешаванд.
Вобаста ба ин дар давраи ҳисоботи патенткунонии ронандагоне, ки ба мусофиркашони машғуланд, 68 адад зиёд гардида, ба 57 нафар ронандагон ичозатнома барои мусофиркашони ва ба 34 нафар ронандагон ичозатнома барои боркашони дода шудааст.
Аз тарафи Идораи барқи шаҳр дар ёздаҳ моҳи  соли 2016 ба аҳоли ва ташкилоту муассисахо ба миқдори 181,6 млн. кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 21 млн. 716,6 ҳазор сомони дода шудааст. Қувваи барқи додашуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 19,5 млн. кВт/соат зиёд мебошад. Маблағи пардохтшуда 19 млн. 558,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он 90,1 фоизи маблағи умумии барқи истифодашударо дарбар мегирад. Дар ин давра бо мақсади рӯёнидани қарзҳои дебитори ба муштариён 127 адад даъво ба маблағи 392,1 ҳазор сомони равона карда шуда, аз он ҳисоб 235,3 ҳазор сомони рӯёнида шудааст.
Дар доираи чорабинихо оид ба иҷрои нақшаҳои истехсоли, беҳтар намудани таъминот бо неруи барқ як қатор тадбирҳои ташкили-техники, аз чумла таъмири шабакаҳои барқи, зеристгоххо, хату ноқилхо, трансформаторхо ва тачхизотҳои барқи гузаронида шуда, ба маблағи 1 млн. 500 ҳазор сомони таъмир карда шудаанд.
Ҳамзамон иҷрои нақшаи чорабинихо оид ба тайёри ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 идома дошта, иҷрои он 91 фоиз таъмин гардидааст.
Дар давраи сипаригашта ташкилотҳои сохтмонии шаҳр дар бехдошти симои меъморию зохирии шаҳрамон хиссаи сазовор гузошта, як зумра корхоро ба анчом расонидаанд. Дар сохтмонҳои шаҳр ҷамъи маблағгузории асоси 99 млн. 381,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29 млн. 274,1 ҳазор сомони зиёд  буда, 120 фоизи дурнамои солонаро ташкил медихад.
Ҳаҷми корҳои иҷрошудаи пудрати 104 млн. 997 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 40 млн. 675,7 ҳазор сомони зиёд буда, 364 фоизи нақшаи дурнамои ёздаҳмоҳаи соли ҷорӣро ташкил медихад. Инчунин 25 адад ташкилотҳои пудратии дар омор ба қайд гирифташуда пурра ба кор фаро гирифта шудаанд.
Идораи сохтмони асосии шаҳр корҳои сохтмони, таъмир, тармим ва азнавсозии 11 адад иншоотхоро ба маблағи 18 млн. 442,5 ҳазор сомони иҷро намуда, аз ҳисоби аҳолии маҳаллии шаҳр сохтмони иншоотҳои мазкур 14 млн. 343,9 ҳазор сомони маблағгузори карда шудааст.
Аз ҳисоби аҳолии маҳалли дар шаҳр сохтмони муассисаи таълимии миёнаи умуми барои 1240 хонанда 2 млн. 466 ҳазор сомони, Кохи фарҳанги ва маркази иттилооти 2 млн. 997 ҳазор сомони, таъмири куллии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 4 млн. сомони,  барқарорсозии хатҳои мухандисии шаҳр 474,9 ҳазор сомони, таъмири бинои шуъбаи омори шаҳр 28 ҳазор сомони, таъмири варзишгохи “Пахтакор” 411,5 ҳазор сомони, таъмири беморхонаи марказии шаҳр 392 ҳазор сомони, таъмири майдонҳои шаҳр, аз чумла атрофи теппаи Қӯрғон 260 ҳазор сомони, инчунин дигар майдону хиёбонхо ба маблағи 35,5 ҳазор сомони, таъмири бинои шуъбаи корҳои дохилии шаҳр 50,5 ҳазор сомони ва таъмири бинои шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрванди 198 ҳазор сомони маблағгузори карда шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра аз тарафи сохторҳои сохтмони ба маблағи зиёда аз 20 млн. сомони корҳои сохтмони, васлкуни, таъмиру барқарорсозии роху рохравхо (мумфарш, сафолакпӯш ва чароғонкуни), гузаронида шуда, хақдории ҶДММ “Қӯрғонтеппа-сохтмон” – 16 млн. 510,7 ҳазор сомони, ҶДММ “Фирӯз” – 590,7 ҳазор сомони, ҶДММ “Шодиён-Сохтмон” – 1 млн. 856 ҳазор сомони, ҶДММ “Сафина” – 311,3 ҳазор сомони ва ҶДММ “Хатлонбунёдкор” – 761,6 ҳазор сомониро ташкил медихад.
Бо мақсади чалби сохибкорон ба корҳои ободонию созандаги, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сохибкорон ва шахсони алохида ҳамкории зичу пайвастаро ба рох монда, дар натича     аз ҳисоби шахсони алохида ва сохибкорон ба маблағи 47 млн. 682,4  ҳазор сомони корҳои сохтмони ба анчом расонида шуда, 82 адад иншоотҳои гуногуни хаётан мухим ба истифода дода шуд, ки 58 адади он манзилҳои истиқомати буда, масоҳати умумии манзилҳои истиқоматии ба истифода додашуда 17 ҳазору 302 метри мураббаъро ташкил медихад.             
Масоҳати умумии манзилҳои ба истифода додашуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2227 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Дар иншоотҳои дар боло қайдшуда дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 216 ҷойҳои нави кори ташкил карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 95 ҷойи кори зиёд мебошад.
Дар ин давра аз тарафи сохибкори ватани сохтмони муассисаи таълимии миёнаи умуми барои 640 хонанда дар як баст, ки маблағи лоихавии он 12 млн. 450 ҳазор сомониро ташкил медихад,, ба истифода дода шуд.
Айни замон аз ҳисоби фармоишгарони давлати, аҳоли ва сохибкорон дар 368 адад иншоотхо, биноҳои истиқомати, маъмури, таълими, варзиши ва манзилҳои истиқомати дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмони чараён доранд, аз он чумла:
- толори варзиши ва Маҷлисгохи коллечи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа;
-ду бинои иловагии таълимии Донишгохи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав;
- сехи дузандаги дар кӯчаи Борбад;
- бинои маъмурии Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
- беморхонаи касалиҳои қалб;
- бинои иловагии Прокуратураи вилояти Хатлон;
- сохтмони биноҳои истиқоматии аз 4 то 12 ошёна дар ҳудуди шаҳр.
Дар ин давра бо дастгирии Федератсияи Футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони 4 адад майдончаҳои варзиши барои футболи хурд ба нақша гирифта шуда, 2 адади он дар кӯчаи Кайхоннавардон дар санаи 22 сентябри соли ҷорӣ аз чониби Президенти Федератсияи Футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда майдончаҳои варзиши корҳои сохтмони идома доранд.
Аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти дорои масулияти махдуди «Чайхун» дар маҳаллаҳои шаҳр сохтмони чор бунгохи тибби оғоз карда шудааст, ки маблағи умумии онхо 632 ҳазор  сомониро ташкил намуда, корҳои сохтмони дар се адади он дар  арафаи анчомёби қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки хангоми сафари кории Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 25 августи соли ҷорӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа як қатор биною иншоотхо мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз чумла:
- Гимназияи хусусии «Аминчон» дар кӯчаи ба номи Д. халқхо барои 640 хонанда дар як баст (айни замон бо 300 хонанда фаъолият карда истодааст);
- бинои маъмурии ЧСП «Спитамен капиталбонк» дар кӯчаи Борбад (айни замон фаъолият дорад);
-бинои истиқоматии 15-ошёна бо ташкил намудани маркази хизматрасони дар ошёнаи якум ва дуюм дар   кӯчаи ба номи С. Айни;
- театри мусиқи - мазхакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадчонов дар хиёбони Вахдат;
- бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди чиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон.
Бояд қайд намуд, ки баъди мавриди истифода қарор додани бинои истиқоматии 15 ошёна аз чониби Асосгузори сулху вахдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду ятими кулл ва як оилаи бесарпанох  калиди хучраҳои истиқомати тақдим карда шудааст.
Инчунин бахри амали гардидани нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа, аз тарафи Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони мачмааи боғи истирохатию фароғати ва варзиши,  масоҳати 54 га дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир мебошад,  санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта шуд.
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” худмаблағгузор буда, нақшаи даромади ёздаҳмоҳаи он 125 фоиз иҷро гардидааст.
Дар бойгонии корхона 20517 адад шиносномаҳои техникии бинохо ва иншоотхо махфуз мебошад.
Дар ин давра аз тарафи мутахассисони соҳа ба 198 адад манзилҳои истиқомати ва иншоотхо шиносномаҳои техники тартиб дода шуда, ба 833 адад  шиносномаҳои техникии манзилҳои истиқомати тағйиротҳои ҷорӣ ворид карда шуда, ба 320 нафар шахсони ҳуқуқию воқеи сертификатҳои ҳуқуқи истифодабарии замин пешниход карда шудааст.
Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкуни ва канализатсияи шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, ба ташкилоту муассисахо ва аҳолии шаҳр 6 млн. 629 ҳазор метри мукааб оби нӯшоки ба маблағи 9 млн. 671 ҳазор сомони хизмат расонидааст. Ҷамъоварии маблағи оби додашуда 9 млн. 617 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 912 ҳазор сомони зиёд гардидааст.
Корхонаи давлатии фаръии истехсолию таъмиру истифодабарии манзилгохҳои шаҳр дорои 2 қитъаи истифодабарии манзилхо ва хадамоти ёрии техники барои хизматрасони мебошад. Дар ин давра 70 тагхона аз об хушк карда шуда, 235 тагхонаҳои биноҳои истиқомати безарар гардонида, 2200 метр қубурҳои обу корезии биноҳои баландошёнаи истиқомати иваз карда шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар арафаи тачлили чашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анчом расонида, дар якчояги ва бо дастгирии сокинони шаҳр 51 адад биноҳои баландошёнаи истиқомати ба масоҳати 56 ҳазор метри мураббаъ мувофиқи пешниходҳои сармеъмори шаҳр рангубор карда шудаанд.
Ҷамъоварии маблағи хизматрасонии корхонаи мазкур дар ёздаҳ моҳи соли равон 1 млн. 184 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 158 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Муассисаи давлатии коммунали ва чароғонкунию ороишии шаҳр дар давраи ҳисоботи бо мақсади ороиши кӯчаву хиёбонхо ва чароғонкуни корҳои муайянро ба анчом расондааст.
Овехтани шиору навиштачотхо 14586 метри мураббаъ, иваз намудани лампаҳои гуногунхачм 4170 дона, иваз намудани лампаҳои рангаи ороиши ба миқдори 530 дона, барқарор намудани симҳои гуногунхачми барқи ба миқдори 13150 метр, иваз намудани парчамхо дар майдону хиёбонхо 240 дона ба анчом расонида шудааст. Бо мақсади таъмини фароғати шаҳрвандон ва барқарорсозии системаи чароғонкунии кӯчаю майдонҳои шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 490 дона симчӯбхо бо фурӯзонакхо, кабелхо бо дарозии 14754  метр насб карда шудааст, ки маблағи корҳои умумии анчомдодаи корхонаи мазкур 2 млн. 501 ҳазор сомониро ташкил медихад.
Ҳолати ободони, кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба зиммаи кормандони Муассисаи нихолпарвари ва кабудизоркунии шаҳр вогузор шудааст. Дар мувозинаи муассиса 8,9 гектар замин мавчуд буда, 2 гектари онро заминҳои идораи муассиса ва 6,9 гектари он заминҳои хиёбонхо ва гулгашту майдонҳои назди мучассамаҳои шаҳрро дарбар мегирад. Дар ин давра дар майдону хиёбонхо ва гулгаштхо 313 ҳазор бех гулҳои мавсимии хархела ва 2022 бех дарахтони ҳамешасабз шинонда шуд.
Ҳамзамон дар ҳудуди заминҳои муассиса зиёда аз 600 бех нихолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабз ва 120 ҳазор бех гулҳои харрангаи садбарг парвариш ёфта истодааст. Муассиса аз гармхонаҳои худ самаранок истифода бурда, зиёда аз 3,3 млн. гулҳои мавсими корида, барои дар фасли бахор ба майдону гулгаштхо гузаронидан тайёр намудаанд.
Корҳои иҷронамудаи муассисаи мазкур оид ба ободонию кабудизоркуни дар ёздаҳ моҳи  соли ҷорӣ 836,3 ҳазор сомониро ташкил намуда, аз ҳисоби бучаи маҳаллии шаҳр 953,3 ҳазор сомони маблағгузори карда шудааст, ки он нисбати корҳои иҷрошуда 117 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Фаъолияти Корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии шаҳр чихати тозагии кӯчаҳои шаҳр, вазъи санитарию экологи, аз партовхо тоза намудани шаҳр равона буда, кормандони муассисаи мазкур аз ҳудуди шаҳр ба миқдори 56 460 метри мукааб партовхоро бароварда, ҳамарӯза роху рохравхоро тоза намуда истодаанд.
Кормандони муассисаи мазкур вазъи ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонии коммуналиро беҳтар намуда, иҷрои онро 117 фоиз таъмин намудаанд. Аз ҳисоби аҳолии шаҳр бошад 121 фоиз иҷро гардидааст.
Ҷамъоварии хаққи хизматрасонии коммунали 3 млн. 348,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 260,1 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Лоихаи инвеститсиони оиди бехдошти хизматрасонихо дар самти идоракунии партовҳои сахти маиши аз чониби Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд дастгири ёфта, маблағи умумии он 4,9 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, 2,9 млн. доллари он грант ва 2,0 млн. доллари он қарз  мебошад. Моҳи июни соли ҷорӣ Комиссия оид ба кушодани дархостҳои тендерии корхонаи мазкур дар доираи татбиқи Лоихаи «Партовҳои сахти маиши дар шаҳри Қӯрғонтеппа» чихати харидори намудани қуттиҳои партовҷамъкуни ташкил ва гузаронида шуд.
Аз тарафи Муассисаи давлатии истифодабарии рохҳои шаҳр дар давраи ҳисоботи ба миқдори 5937 метри мураббаъ ё ин, ки 6,3 км роҳҳо таъмири ҷорӣ карда шудаанд. Дар баробари он 11,4 км ва аз ҳисоби сохибкорони маҳалли 0,15 км роҳҳо асфалтпӯш карда шудааст.
Ҳамзамон сафолакпӯш намудани рохравҳои кӯчаю хиёбонхо дар масоҳати 12 203 метри мураббаъ ба анчом расонида шудааст.
Ҳамаи корҳои анчомдодаи муассисаи мазкур 12 млн. 577,5 ҳазор сомониро ташкил медихад, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 239,4 ҳазор сомони зиёд мебошад.
Дар ҳудуди шаҳр 21 адад муассисаҳои таълими фаъолият доранд, ки аз он 5 адад муассисаҳои намуди нав, аз чумла 4 литсейи таълими ва 2 гимназия, 15 муассисаҳои тахсилоти миёнаи умуми буда, дар онхо 23 ҳазору 473 нафар кӯдакони синни мактаби ба тахсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати хониши  соли гузашта шумораи хонандагон 318 нафар зиёд мебошанд. Инчунин дар шаҳр 17 муассисаҳои тахсилоти томактабии давлати ва 1 муассисаи тахсилоти томактабии хусуси фаъолият менамоянд, ки дар онхо 2 ҳазору 800 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия чалб гардида, дар муқоиса ба соли 2015 тарбиятгирандагон 135 нафар зиёд мебошанд.
Боиси қайд аст, ки соли ҷорӣ гимназияи хусусии “Аминчон” бо 640 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.
Дар соли хониши  соли 2015-2016  хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумии шаҳр бо ишғол намудани 43 ҷойҳои ифтихори, барои иштирок дар олимпиадаҳои Ҷумҳурияви роххат гирифта, 1 нафар сазовори ҷойи якум, 5 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 5 нафари дигар сазовори ҷойи сеюм гардидаанд. Хуччатсупори ба воситаи Маркази миллии тести дар соли ҷорӣ 1428 нафарро ташкил додааст, ки аз ин 1149 нафар ҳатмкунанда сазовори номи донишчӯ гардида, дохилшави 80,1 фоизро ташкил додааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии корхо дар самти солимгардони, соли ҷорӣ 380 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба лагери беруназшаҳрии «Сохил» сафарбар карда шуданд.
Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 тадбирхо андешида, бо ин мақсад аз ҳисоби аҳолии маҳалли зиёда аз 149,2 ҳазор сомони барои харидории ангишт, хезум, сӯзишвори ва тачхизотҳои барқии гармидиханда масраф карда шудааст.  
Дар шаҳр чихати бехдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпитали, маркази ёрии таъчили ва муассисисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари, 2 адад муассисаи хусуси (Маркази тиббии «Даво» ва Маркази тиббии «Хатлон») ва 22 адад муассисаҳои тиббии вилояти, 17 адад хучраҳои давлатию хусусии дахонпизишки, 10 адад хучраҳои ташхисии ултрасадо ва 106 адад дорухона ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тибби мерасонанд.
Дар сохтори госпиталии шаҳр шуъбаҳои чаррохи, таваллуд, амрози даруни, эхёгари ва тахлилгох фаъолият мекунанд, ки дар онхо 120 кати хоб мавчуд буда, шумораи коргарон 233 нафар, аз чумла духтурон 35 нафар, 113 нафар кормандони миёнаи тиб ва 56 нафар кормандони хурди тиббиро ташкил медихад.
Дар давраи ҳисоботи шумораи 5481 нафар беморон бистари гардида, 5442 беморон табобат ёфтаанд. Дар ин давра аз ҳисоби бучаи беморхона 40 кат барои беморон, 4 адад курсии чархдор, 3 адад монитор, 4 адад кашаки барқи ва 2 мачмуи асбобҳои чаррохи ба маблағи умумии 185 ҳазору 120 сомони харидори карда шудааст. Илова бар ин дар шуъбаи таваллуд ба маблағи 102 ҳазор сомони  корҳои таъмири ба анчом расонида шудааст. Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2016 шуъбаи чаррохи аз таъмири асоси бароварда шуда,  бо катҳои бистари, монитор, кашаки барқи ва мачмӯи асбобҳои чаррохи таъмин карда шуд.   
Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 22 ададро ташкил намуда, дар он  437 нафар мутахассисон  ба шаҳрвандон хизмати тибби расонида, аз байни онхо 103 нафарашон духтур, 252 нафар кормандони миёнаи тиб ва 54 нафари дигар кормандони хурди тиб мебошанд. Дар давраи ҳисоботи кормандони муассисаҳои мазкур 148 ҳазору 530 нафар беморонро қабул намуда, 76 ҳазору 306 нафар шаҳрвандонро дар хонахо муоина намудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии шаҳр 86 ҳазор сомони, 36 ҳазор сомони аз ҳисоби Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 2 декабри соли 2008,  № 600 қабул гардидааст, инчунин аз ҳисоби дигар сарчашмахо ба маблағи 50 ҳазор сомони бинои муассиса таъмир карда  шудааст.
Бахши фарҳанг соли 1938 таъсис ёфта дар тавозуни он 14 муассисаи фарҳанги мавчуд буда, дар он 157 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.
Дар ин давра бахши фарҳанг  аз ҳисоби маблағҳои иловагии аҳолии шаҳр 658 ҳазору 450 сомони  барои дар сатхи баланд тачлил намудани  чашни Наврӯзи байналмилали  ва 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори карда шудааст.
Имрӯз дар шаҳр китобхонаи маркази бо 5 адад бахшхояш фаъолият менамояд. Айни замон дар китобхонаи маркази ва бахшҳои он 60 ҳазору 33 нусха китоб махфуз буда, аз ин шумораи адабиётхо ба забони точики 14598 нусха, ба забони руси 32416 нусха ва 1347 нусха ба забонҳои гуногун мебошад.
Шумораи истифодабарандагон бошад 37874 нафарро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 689 нафар зиёд гардидаанд.
Боиси қайд аст, ки соли ҷорӣ дар назди бахши фарҳанги шаҳр муассисаи ансамбли давлатии рақсии “Ситора” таъсис дода шуда, дар он 20 нафар чавондухтарон ва 10 нафар чавонписарон ба кор чалб карда шудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии шаҳр барои пешбурди фаъолияти ин Ансамбли навтаъсис зиёда аз 241 ҳазор сомони маблағ чудо карда шудааст.
Мактаби санъати бачагона дорои 17 шуъба ва 43 нафар омӯзгорон мебошад. Дар давраи хониши солҳои 2015-2016 дар мактаби санъати бачагона 390 нафар ба тахсил фаро гирифта шудааст.
Дар ин давра аз тарафи шӯубаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди 2044 адад сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки  нисбати соли гузашта   64 адад сабт зиёд, вафот 376 адад мутаносибан 7 адад сабт кам, сабти ақди никох бошад 688 адад ба қайд гирифта шуда, мутаносибан 17 адад сабт зиёд, сабти бекор кардани никох 77 адад, ки нисбатан 6 адад сабт кам, ивази ному насаб 243 адад нисбатан 4 адад сабт кам ва 568 адад сабти муқаррар намудани ҳуқуқи падари ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 адад сабт зиёд мебошад. Инчунин сабти фарзандхони 31 адад ба қайд гирифта шуда, нисбатан 2 адад кам мебошад.
Барои рушди варзиш дар шаҳр 2 варзишгох, мактаби варзиши, 32 толори варзиши, 85 майдончаҳои варзиши ва майдони теннис дар истифодаи умум мебошанд, ки ба онхо зиёда аз  960 нафар чавонон ва наврасон чалб шуда, 26 нафар мураббиён аз рӯи 18 намуди варзиш машғулиятхо мегузаронанд.
Ба мактаби варзиши 632 нафар наврасону чавонон фаро гирифта шуда, 26 нафар мураббиён аз рӯи 13 намуди варзиш ҳамарӯза бо варзишгарон кор мебаранд.
Дар ин давра  байни наврасону чавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри 64 мусобиқа аз рӯи 13 намуди варзиш бо иштироки 21709 нафар наврасону чавонон, хонандагону донишчуён ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр гузаронида шудааст. Инчунин варзишгарони шаҳр дар 26 мусобиқаи сатхи Ҷумҳурияви ва 3 мусобиқаи байналмиллали  иштирок намуда, 173 медал ба даст оварданд, ки аз он 55 медали тилло, 46 медали нуқра ва 72 медали биринчи мебошад.
Барои баргузории мусобиқаҳои варзиши аз ҳисоби аҳолии маҳалли 62 ҳазору 44 сомони маблағ чудо карда шуд, ки ин иқдом барои баланд гаштани сатхи маърифати чавонон, чалби бештари чавонон ба варзиш ва пешгирии шомилшавии чавонон ба харакатҳои ифротгарои мусоидат намуд. 
Бахши  кор бо занон ва оилаи шаҳр бахри фаъолгардонии нақши занон дар чомеа, бештару хубтар чалб намудани занон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ба шуғл фарогирии онхо, оид ба пешгирии зӯровари дар оила, таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардон ва занон, иҷрои барномаҳои давлати дар идораву корхонахо ва маҳаллаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият менамояд.
Айни замон шумораи умумии занон дар шаҳр 52 ҳазору 400 нафарро ташкил дода, аз ин 30600 занони қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора 130 нафар занон дар вазифаҳои рохбарикунанда, дар соҳаи маориф 1474 нафар, соҳаи тандурусти 524 нафар, соҳаи фарҳанг 54 нафар, соҳаи коммунали 230 нафар ва дар соҳаи кишоварзи 217 нафар фаъолият намуда, инчунин 1869 нафар занон ба сохибкори машғул мебошанд.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботи 13 маротиба чаласахо гузаронида, нисбати 6 нафар кӯдакони ба қонун мухолифатдошта чорачӯи намуда, онхоро ба махфилҳои муассисаи тахсилоти иловагии вилояти Хатлон ва 1 нафар ноболиғро ба махфилҳои литсейи физики  - математикии “Ориёно” чалб намудааст.
Айни замон дар қайди Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 22 нафар ятимони кулли то 18 сола буда, ба суратҳисоби хар яки онхо 2500 сомониги ҷамъ 55 ҳазор сомони маблағ ворид карда шудааст ва ин иқдом идома дорад. Дар ин давра бо қарорҳои суди шаҳри Қӯрғонтеппа ва қарорҳои дахлдори раиси шаҳр 8 нафар ба фарзандхони, 6 нафар барои васоят ва 3  нафар барои парастори таъин карда шудаанд.    
Бояд қайд кард, ки  чихати дар сатхи баланд тачлил намудани иди Наврӯз ва чашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   сокинони шаҳрро ба корҳои ободонию созандаги сафарбар намуда, дар ин давра Конференсияҳои илми – амали дар мавзӯи “Нақши чавонон дар бартараф намудани ақидаҳои характери террористи ва ифротгароидошта”, “Сабабҳои чудошавии оилахо ва рохҳои пешгири намудани он”, “Рохҳои пешгири намудани чинояткори”, бахшида ба тачлили “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  озмуни “Забон – пайванди чон” баргузор гардид, ки бо қарори раиси шаҳр аз 13 сентябри соли 2016 № 450 ба ғолибон ба маблағи 13 ҳазору 500 сомони, инчунин бахшида ба 22 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар рушди фаъолияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бахшида ба “Рӯзи Президент” дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар тахкими давлатдории милли” ва бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Конференсияи илми – амали дар мавзӯи “Парчам ҳамчун рамзи давлатдори”, Ҳамзамон озмуни “Ливои нангу номус”, ки ғолибон бо қарори раиси шаҳр аз ҳисоби аҳолии шаҳр ба маблағи 6400 сомони чудо гардидааст, дар сатхи баланд баргузор гардид. 
Дар ҳудуди шаҳр 36 иттиходияи дини фаъолият намуда, аз ин 32 масчид ва 4 ибодатхонаҳои масехи мебошанд.
Дар давраи ҳисоботи аз тарафи бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии шаҳр 2220 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 327 тӯйи хатнасур, 1344 тӯйи арӯсию домоди, 300 маросими чил, 251 маросими сол буда, дар асоси талабот ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шудаанд. Дар  ин давра 13 қонуншикани ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 қонуншикани кам мебошад.
Сохибкорони шаҳр дар варзишгохи «Пахтакор» мусобиқаи гӯштини милли бо иштироки 16 ҳазор нафар тамошобинон дар сатхи баланди ташкили доир намуда, ғолибонро бо 2 нақлиёти сабукрав ва дигар мукофотҳои пурарзиш сарфароз гардониданд, ки маблағи он зиёда аз 200 ҳазор сомониро дарбар гирифтааст.
Маъмурияти бозори “Фаровон - Қӯрғонтеппа” дар арафаи идҳои давлати аз ҳисоби хазинаи худ ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 56900 сомони кумаку хайрияхо расонидааст. Бозори “Хочи Шариф” низ бо чунин иқдом ба маблағи 55000 сомони кӯмак расонидааст.
Дар арафаи иди Саиди фитр аз чониби ташкилоти ҷамъиятии “Чайхун” ба 200 нафар ятимони кулл ва кӯдаконе, ки аз падар ё модар махрум мебошанд, ба маблағи 126 ҳазор сомони маводҳои хӯрока кумак расонида шуд. Дар арафаи иди Рамазон аз ҳисоби сохибкорон ва шахсони алохида ба 598 нафар оилаҳои ниёзманд маводҳои ғизои ва кумакпулихо ба маблағи 66 ҳазору 500 сомони дастрас карда шуд. Вобаста ба ин аз тарафи иттиходияҳои динии ҳудуди шаҳр ба 504 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи 184 ҳазор сомони маводҳои ғизои кӯмак расонида шуд. Дар ин маъракаи хайрияви ҳамчунин аз тарафи сохибкор Хочаев Абдучаббор чун ҳамасола ба 100 нафар занони яккаву танхо, бепарастор ва маъюбон дар арафаи идҳои Наврӯз, саиди Фитр ва 25 солагии Истиқлолият маводҳои аввалиндарача ба маблағи 18 ҳазор сомони кӯмак расонида шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр  дар арафаи иди саиди Фитр ба ниёзмандон аз ҳисоби аҳолии маҳалли  ба маблағи 4600 сомони кӯмакпулихо тақдим карда шудааст.
Бахшида ба тачлили 19 солагии истиқболи Вахдати милли  дар шаҳри Хоруғ рӯзҳои фарҳангии вилояти Хатлон баргузор гардида, намоиш ва фурӯши махсулотҳои хоҷагии халқи шаҳр ва хунарҳои мардуми пешкаши аҳолии шаҳри Хоруғ гардонида шуд, ки баъди намоиш ҳамаи махсулотҳои пешкашгардида ба аҳолии шаҳри Хорӯғ ба тариқи ройгон хадяд карда шудаанд. Тибқи рӯйхати пешниходнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 70 оилаи камбизоат ва 2 ятими кулли нохияи Рушон ба маблағи 72 ҳазор сомони кӯмак расонида шуд. Бо чунин мақсад дар арафаи чашни 25 солагии Истиқлолияти давлати ва Иди Қурбон ба табақаҳои номбурда ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомони кумак расонида шудааст.
Ба истиқболи чашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид, аз тарафи иттиходияҳои динии шаҳр ба 30 нафар ниёзмандон ба маблағи 5860 сомони, оилаи сохибкор Валиевхо ба 100 нафар ба маблағи 23650 сомони, инчунин аз тарафи дигар саховатпешахо ба 490 нафар ба маблағи 77840 сомони кумаку хайрияхо аз қабили хӯрока ва либос расонида шудааст.
Бо ин мақсад ташкилоту идораҳои сохтмони ба шахсони маюб, оилаҳои камбизоат ва барчомонда ба 83 оила кумаки яквақта расонида, маблағи умумии он 12000 сомониро ташкил дод. 
Дар мачмӯъ дар давраи ҳисоботи дар шаҳр ҳамаги ба маблағи зиёда аз 1 млн. 175 ҳазор сомони кӯмаку хайрияхо расонида шуда, чунин корҳои хайр минбаъд низ идома хоханд ёфт.
Аз чониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ҳисоботи 393 чиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 миқдори чиноят 28 адад зиёд гардидааст. Ба кофтукови чинои 325 чиноят тааллуқ дошта, кушодашавии чиноятхо 88,6 фоизро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 иҷроиши кушодашави  0,9 фоиз кам мебошад. Дар ин давра 69 чиноятҳои вазнин, 156 ходисаи дузди рух дода, 9 ходисаи нашъаманди ва 47 ходисаи қаллоби ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 чиноятҳои вазнин 9 ходиса зиёд,  дузди 7 ходиса кам, нашъаманди 8 ходиса кам ва қаллоби 8 ходиса зиёд гардидааст.
Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъияти ва тавсияи ҳамкории онхо бо аҳоли», тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои соли 2016, ҳамчун масъалаи нақшави барраси карда шуда, қарори дахлдори раиси шаҳр қабул карда шудааст..
Дар ин давра 5 хучраи нозирони минтақави таъмир карда шуда, аз ҳисоби аҳолии маҳалли хар моҳ ба андозаи 300-400 литр сӯзишвори барои нақлиёти хизмати ва маблағҳои зарури чудо карда мешаванд.   
Инчунин шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо нақлиёти хизматии тамғаи “Старекс” таъмин карда шудааст.
Ҳамзамон дар асоси қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, аз чумла барои панчарабанди намудани гирду атрофи шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба маблағи 50 ҳазор сомони, барои расонидани кӯмак ва оростани дастархони идона ба қисми харбии 2868 ва қисми низомии шуъбаи Вазорати корҳои дохили ба маблағи 8000 сомони, барои кӯмаки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар шаҳр 10 ҳазор сомони, барои таъмири бино ва хучраҳои нозирони минтақави 30 ҳазор сомони, барои сохтмони бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди чиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон ва хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон 67 ҳазор сомони чудо карда шудааст.
Дар ин давра аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр 29788 қоидавайронкунии харакат дар рох ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 40 қонунвайронкуни зиёд мебошад. Аз 19430 нафар ронандагоне, ки ба қоидавайронкуни рох додаанд, маблағи 578,2 ҳазор сомони чарима рӯёнида шуд, ки он нисбати   ҳамин давраи соли гузашта   5,9 ҳазор  сомони зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботи 19 ходисаи роху нақлиёти ба қайд гирифта шудааст, ки дар натича 3 нафар ба халокат расида, 20 нафар чарохати чисмони гирифтааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 шумораи фавтидагон 4 нафар кам ва чарохатбардоштагон 2 нафар кам гардидааст.
Бо мақсади рушду нумӯи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, паст кардани сатхи камбизоати, вусъат додани корҳои ободониву созандаги, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба хадафҳои некбинонаи Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор барномахо, стратегияхо, консепсияхо ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатиро қабул намудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин самт тамоми чораҳои заруриро амали намуда истодааст.
Илова бар ин бо мақсади баррасии тамоми барномаҳои давлатии қабулшуда, дар Маҷлисҳои назоратии назди раиси шаҳр хафтае як маротиба аз рафти чараён ва татбиқи барномаҳои зикргардида дар сатхи шаҳрдори мавриди барраси ва муҳокимарони қарор дода мешаванд.
Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 2214 мактуб ва 273 хабарҳои телефони ворид шудааст, ки аз он 29 адад аз Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 225 адад аз вазорату кумитаҳои Ҷумҳури,  929 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 185 адад аз ташкилоту идораҳои вилоят ва 765 адад аз ташкилоту муассисаҳои шаҳр ворид гардидааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр як қатор корхо ба анчом расонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботи ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 1246 муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон дохил шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораашон 511 адад кам  мебошад. Инчунин аз Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 83 адад ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бошад 43 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст.
Ҳамзамон дар давраи ҳисоботи 47 маротиба қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, 433 нафар шаҳрвандон ба раиси шаҳр, 250 нафар ба муовини якум, 531 нафар ба муовинони раиси шаҳр ва 279 нафар ба рохбари дастгохи раиси шаҳр ба таври шифохи муроҷиат намудаанд.
Масъалаи интихоб, чобачогузори ва тарбияи кадрхо дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Холо бештар аз 14 фоизи кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр собиқаи зиёда аз 15 солаи кори дар мақомоти давлати доранд. Ҳамаи кадрҳои рохбарикунанда ва захирави дорои маълумоти оли буда, рӯйхати онхо дар асоси талаботҳои Низомномаи захиравии кадрҳои хизмати давлати ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлати» тартиб дода шудааст. Дар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин давра 11 нафар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан (ҷойивазкуни ва болорави) бо хохиши худ аз кор озод ва 10 нафар тибқи озмун ба кор қабул карда шудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар оянда низ тамоми фаъолияти худро ба иҷрои вазифаҳои аз тарафи Рохбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда равона хохад намуд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ  

22.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню