Думаи давлатии Русия қонуни «авф»-и муҳоҷиронро қабул кард - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Думаи давлатии Русия қонуни «авф»-и муҳоҷиронро қабул кард

Барои шахсоне, ки дар Маскаву Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинград бори аввал қонуншиканӣ мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудааст.
Думаи давлатии Русия рӯзи 22 декабр қонун дар бораи сабуктар шудани ҷазо барои муҳоҷирони ҷиноятҳои маъмурӣ содиркардаро қабул намуд, ки он ба шаҳрвандони бори нахуст қонунгузории муҳоҷиратро риоянакарда дар қаламрави шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербургу вилояти Ленинград дахл дорад.
Бино ба маълумоти РИА Новости, дар лоиҳаи қонун бекор намудани ихроҷи ҳатмии муҳоҷири қонуншикан аз кишвар ва ба дӯши суд вогузор шудани баррасии қисмате аз ин масоил ва боқӣ гузоштани ҷарима дар ҳаҷми 7 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба моддаи ин кодекс илова шудани муқаррароте пешниҳод мешавад, ки мувофиқи он дар сурати такроран аз ҷониби муҳоҷир вайрон шудани қонунгузорӣ дар ин минтақаҳо ихроҷӣ ӯ ҳатмӣ мешавад.
Хабаргузории SPUTNIK Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки қаблан дар ВКД Русия эътироф карда буданд, ки барои хориҷ кардани ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ воситаҳои пулӣ кифоя нест. Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошта буд, ки бо 100 млн. рубли бо ин мақсад ҷудошуда аз 4,4 ҳазор нафари хориҷиён ихроҷи ҳамагӣ 1,6 ҳазор нафар муяссар шудааст.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар ин робита пешниҳод намудааст, ки уҳдадориҳои ихроҷи муҳоҷирон ба дӯши минтақаҳо вогузор гардида, ба муҳлати нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қабулгоҳҳои махсус низ маҳдудият ҷорӣ карда шавад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ба дӯши минтақаҳо вогузор шудани ваколатҳои ихроҷи муҳоҷирон онҳоро водор месозад, ки дар ин масъала бештар масъулият ҳис карда, ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро беҳтар назорату пайгирӣ намоянд.
Муаллиф: Asia-Plus

23.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню