Душанбе парвозҳои «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистонро боздоштанист - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Душанбе парвозҳои «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистонро боздоштанист

Дар посух Душанбе низ парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» аз чор шаҳри Русияро мутаваққиф месозад.
Дар посух ба манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русия, Душанбе парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Уралские авиалиинии»-ро ба Тоҷикистон аз чор шаҳри Русия бозмедорад.
Сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки айни замон дар гуфтушунидҳо дар Маскав ҳузур дорад, тариқи телефон иброз дошт, ки «дар ҷавоб мо чор парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе аз шаҳрҳои Краснодару Уфа ва Челябинску Красноярскро мутаваққиф месозем».
Дар намояндагии ширкати «Уралские авиалинии» дар Душанбе ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки алҳол онҳоро ғайрирасмӣ огоҳ кардаанд, ки як қисмате аз хатсайрҳо нимаи дуюми рӯз баста мешаванд.
«Ин ба хатсайрҳои самти Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад. Дар ин бора моро алҳол расман огоҳ накардаанд. Ҳамааш ба натиҷаҳои гуфтушунидҳои дар Маскав идомадошта вобаста аст», - гуфтанд дар намояндагии ширкат.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди рӯзи аввал дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский тавофуқ ҳосил нашуд.
Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, дар посух Русия аз 23 декабр ба ҷуз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро манъ кард.
- Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз тасмими ҷониби Русия оид ба боздошти парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия огоҳ карда шуда, умедвор аст, ки гуфтушунидҳо доир ба ин масъала идома меёбанд, - хабар медиҳад имрӯз, 23 декабр РИА Новости.
Дар ҳамин ҳол, вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба РИА Новости гуфтааст, «ҳайати мо то субҳи рӯзи ҷумъа танаффус гирифт, то ки ба гуфтушунидҳо бо ҷониби Русия доир ба ҳалли ин масъала идома бидиҳад». Шералӣ Ганҷалзода изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ҳалли ин масъала дар ниҳояти кор ҷонибҳо ба созиши барои ҳарду тараф қобили қабул мерасанд.
Тибқи маълумоти сомонаи «Сомон Эйр», айни замон ин ширкат ба шаҳрҳои Маскав - ҳамарӯза, Санкт-Петербург - 4 маротиба дар 1 ҳафта, Сочи - 1 маротиба дар 1 ҳафта, Оренбург - 2 маротиба дар 1 ҳафта, Новосибирск - 1 маротиба дар 1 ҳафта ва ҳамчунин дигар минтақаҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳад. Субҳи имрӯз низ ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба самти Маскав раҳсипор шуд.
Муаллиф: Asia-Plus

23.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню