Таъсиси ситоди кабутизоркунонӣ ва дарахтшинонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таъсиси ситоди кабутизоркунонӣ ва дарахтшинонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Абдуллозода И, муовинони соҳавӣ ва мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлтии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади амали намудани нақшаи тасдиқнамудаи муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ аз 18 11 2016 сол оиди «Кабутизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар мавсими тирамоҳи 2016 ва баҳори соли 2017» Ситод   таъсис дода шуд. Мутобиқи чадвали тасдиқ намудаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон имсол маъракаи баҳории кабутизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар  шаҳри Қӯрғонтеппа  аз 7-уми январ оғоз гардид. Таҳти роҳбарии Ситоди зикргардида дар шаҳри Қӯрғонтеппа шинондани 15000 нихол аз ҷумла 4900 ниҳоли сояафкан, 5200 ниҳоли хамешасабз, 4900 ниҳоли  ороишӣ ва 165 000 гулу гулбутаҳо аз ин ҳисоб 40 000 гули лола, 25 000 гули садбарг ва 100 000 гулҳои гуногун ва инчунин кишти 7500 м2 алафҳои ҳамешасабз ба нақша гирифта шуда аст.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ.   

11.01.2017
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню