Баргузории мусобиқаҳо - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Баргузории мусобиқаҳо

Баргузории мусобиқаҳои варзиши байни хонандагони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умуми ва литсейҳои шахри Қӯрғонтеппа дар давраи таътили зимистона
Таҳти роҳбарии бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва литсейҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар давраи таътили зимистона мусобиқаҳои варзиши доир шуда истодааст. Мусобиқаҳои варзишии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ва литсейҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи 4 намуди варзиш: волейбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шохмот байни дастаҳои писарона ва духтарона гузаронида шуда истодааст. Мусобиқаи мазкур 26 январи соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои хотиравиии бахшҳои зикргардида, қадрдони карда мешаванд. Мақсад аз баргузории ин мусобиқаҳо пеш аз ҳама фарогирии мактабаббачагон ба машғулиятхои варзиши дар давраи таътили зимистона, оммави ва рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш байни мактаббачагон мебошад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ  

24.01.2017 
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню