ХАБАРҲОИ ВАРЗИШӢ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ХАБАРҲОИ ВАРЗИШӢ

Бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқаи футбол байни наврасони синнашон 14-15 баргузор гардид.
Дар мусобиқаи дастаи маҳаллаи «Ч. Мирзоқодирова»  маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори  чойи аввал, «Кайҳоннавардон» чойи 2-юм, «Ургут» чойи-3-юм гашта, бо туҳфа ва диплом қадрдонӣ шуданд.
 
4 август дар байни муассисаҳои томактабии шаҳр бозии шавқовари «Офарин» шуда гузашт, ки дастаи муассисаи таҳсилти томактабии №2 чойи 1, муассисаи таҳсилти томактабии №16 чойи 2-юм, муассисаи таҳсилти томактабии №18 ва №10 сазовори чойи 3-юм гардиданд.
 
Мусобиқаи тенниси рӯи миз байни кормандони ташкилоту муассисаҳо рӯзи 5 авгӯст баргузор гардида, дастаи корхонаи давлатии фаръии хочагии коммуналии шаҳр чойи 1-ум, сохтори госпитали чойи 2-юм ва кӯмаки аввалияи санитарии тиббии сазовори чойи 3-юм гашта, бо чом ва диплом сарфароз намуданд.
 
Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба 32 нафар кормандони соҳа, аз чумла мураббиён ва собиқадорони варзиш кӯмаки яквақтинаи пулӣ бо маблағи 3200 расонида,  25 нафар варзишгарони беҳтаринро бо туҳфаҳо қадрдонӣ карданд.
 
Ашӯргул СОЛЕҲОВА

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню