Вохӯрӣ бо раисони маҳаллаҳо - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯрӣ бо раисони маҳаллаҳо

Санаи 10-уми апрели соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи МИМҲД шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии Раиси шаҳр – Амирулло Асадулло бо раисони маҳаллаҳо, раисони хонаҳои баландошёнаи шаҳр баогузор гардид.
Ҷаласаро Раиси шаҳр – Амирулло Асадулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни дар пешистодаи 20-солагии Ваҳдати Миллӣ шодбош намуд. Баъдан раиси шаҳр аз рафти сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандони Пешвои Миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон амал мекунад, андешаҳояшро баён намуд. Раиси шаҳр иштирокдорони ҷаласаро ба муттаҳидшавӣ, ҳушёриву зиракӣ ва дар ободонии Ватан саҳмгузор будан даъват намуд. Раиси шаҳр аз раисони маҳаллаҳо дар бораи зиндагии сокинони шаҳр, камбудию норасоиҳои маҳаллаҳо пурсон шуда, барои ҳалли баъзе масъаллаҳо маслиятҳои муфид дод.
Байни Раиси шаҳр ва фаъолон саволу ҷавоби ошкоро баргузор гардид, ки ҳамагон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтаанд. Дар ҷамъбаст аз номи Раиси шаҳр – Амирулло Асадулло ба иштирокдорони ҷаласа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Котиби матбуотии 
раиси шаҳри Қурғонтеппа:             Каримов А.
10.04.2017


 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню