Семинар - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Семинар

Санаи 20-уми прели соли 2017 дар бинои театри ба номи «Ато Муҳаммадҷонов» -и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони «Иттилоот ва нақши он дар таъмини субботу амнияти ҷомеа » бо иштироки муовинони соҳаи иҷтимоиёт, мудирони шӯъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа, мудирони шӯъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, муҳаррирони рӯзномаҳо,кормандони ВАО, сархатибони масҷидҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, директорони муссисаҳои таълимӣ ва  ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа семинари вилоятӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақши иттилоот дар ҷомеаи имрӯза андешаҳояшро баён намуд. Ӯ махсусан тезу тунд будани вазъи сиёсии ҷаҳон ва воситаҳои иттилоотии ба ҷомеаи мо бегона ва хатарнокро ба иштирокдорони семинар ёдрас намуда, онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва муборизаи оқилона бурда тавонистан даъват намуд. М. Хидирзода барои маъруза кардан суханро ба Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло доданд. Амирулло Асадулло дар бораи тарақиёту пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд. 
Асоси тамоми пешравиҳо тинҷӣ ва сулҳи пойдор дар Ватани мо мебошад, қайд намуд Раиси шаҳр. Ӯ суханони сиёсатмадорони гузашта ва имрӯзаро мисол оварда,дар бораи нақши иттилоот дар таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ андешаҳояшро баён намуда,ҳамагонро ба ваҳдат,ба муттаҳидшавӣ ва дастаҷамъона дар ободии Ватан саҳмгузор будан даъват кард.Бо ташаббуси Пешвои миллат дар Созмони Миллали Муттаҳид «Даҳсолаи оби тоза»эълон гардидани солҳои 2003-2013, Байналмилалӣ гардидани Наврӯзи Аҷамро ёдовар шуда,дар фарҷоми сухан иштирокдорони семинарро бо ҷашнҳои дар пешистодаи 9- Май Иди Ғалаба ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Сипас М.Хидирзода суханро барои маърӯза кардан ба Соҳибназаров А. мутахасис оид ба корҳои таблиғу ташвиқи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дод. Ӯ дар бораи фазои иттилоотии имрӯзаи ҷомеъа андешарони намуда аз нигоҳи дини ислом оиди таблиғу ташвиқоти ғояҳои инсондустӣ, ҷавононро бо роҳи рост ҳидоят намудан, пешгирии экстримиз ва терроризм гуфта гузашт.  Аз аҳли толор домулло Ҳайдар ба минбар баромада, аз заҳматҳои Пешвои Миллат ёдовар шуда, ба иштирокдорони семинар муроҷиат карда, дар бораи бетараф набудан, сиёсати давлатдориро дастгирӣ намудан, шукрона аз тинҷиву осудагии имрӯзаи кишвар карданро ҳидоят намуд. М. Хидирзода ҷаласаро ҷамбаст намуда, ҳамагонро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва огаҳ будан аз фазои иттилоотӣ даъват намуд.
Котиби матбуотии 
раиси шаҳри Қурғонтеппа:             Каримов А.
20.04.2017
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню