Абдуалим Исмоилзода: - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Абдуалим Исмоилзода:

«Шаҳрамонро ободу сарсабз мегардонем»
25 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр А. Исмоилзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳаллаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар оғоз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр А. Исмоилзода ба ҳозирин оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон маълумоти мухтасар дода, қайд кард, ки аҳли заҳмати шаҳр баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои фархундаи миллат 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ меҳнати пурсамарро ба роҳ монда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи худ тамоми неру ва имкониятҳои мавҷударо ба кор андохтаанд. Зеро аҳли заҳмати шаҳр хуб медонанд, ки ҳалли аксари масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум маҳз ба меҳнати пурсамар ва натиҷаҳои ба дастомада вобаста мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷет беш аз 72 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин 105 фоизи иҷрои нақшаро таъмин менамояд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таъсирбахш нақшаи умумии андози иҷтимоӣ 111 фоиз иҷро гардида, талаботи нафақахӯрон пурра пардохт карда шуд.  Дар ин давра 942 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 560 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. 
И. в. раиси шаҳр таъкид намуд, ки таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум ва ҳалли проблемахои иҷтимоӣ дар шароити имрӯза бе рушди саноат имконнопазир аст. Бо дарки ин маънӣ дар нимсолаи аввали соли равон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114,5 фоизро ташкил дод, ки аз ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар соҳаи сохтмон низ дастовардҳо назаррас буда, он имкон медиҳад, ки тарҳи меъморию шаҳрсозӣ имрӯз ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намояд. Айни замон дар шаҳр сохтмони муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 640 хонанда, хонаи адибон ва кохи фарҳанг ва чанд иншооти дигар идома дошта, то имрӯз бо ҷалби соҳибкорон ва дигар ташкилотҳои сохтмонӣ ба корҳои ободонию созандагӣ 85 адад иншоотҳои ҳаётан муҳим ба истифода дода шуд. Бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳр бинои таълимии иловагии ДДҚ ба номи Носири Хусрав, бинои иловагии прокуратураи вилоят ва бинои истиқоматии панҷошёна бо маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якум мавриди истифода қарор дода шуда, барои оғози сохтмони бинои маъмурӣ ва синфхонаҳои таълимии донишгоҳи мазкур санги асос гузошта шуд. Аз ҷониби муассисаи давлатии коммуналӣ ва чароғонкунию ороишии шаҳр дар ин давра корҳои овехтани шиору навиштаҷотҳо, иваз намудани лампаҳои гуногунҳаҷм ва лампаҳои рангаи ороишӣ, иваз намудани парчамҳо, барқарорсозии равшаннокии як қисми хиёбони Ваҳдат ва кӯчаи ба номи Б. Ғафуров ба анҷом расонида шуданд. Корҳои ободонӣ, ороишӣ ва барқарор намудани фаввораю равшаннокии кӯчаҳо ба истиқболи ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бошад, бомаром идома дорад. Ҳолати ободонӣ, кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба зиммаи кормандони муассисаи ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳр вогузор буда, дар мавсими ниҳолшинонӣ дар майдону хиёбонҳо беш аз 1755 бех дарахтони ороишии ҳамешасабзи арча, 1625 бех арчаи ороишӣ ва 120 бех можевелник ва дар майдону хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳр бошад беш аз 22 ҳазор бех гулҳои садбарг ва 160 ҳазор бех гулҳои мавсимии ҳархела шинонда шуданд.  И.в. раиси шаҳр ҳамчунин оид ба натиҷаи фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳуқуқи кӯдак, занон ва оила ва дигар самтҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ҳадаф аз корҳои анҷомдода, таъмини рушду пешрафт ва ба шаҳри ободу сарсабз табдил додани маркази вилоят мебошад. И.в. раиси шаҳр аз журналистон даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи шаҳ густариш дода, дар инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд. Дар охир и.в. раиси шаҳр А. Исмоилзода ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба бунёди бинои матбуот, корҳои ободонию созандагӣ, вазъи соҳаҳои маориф, саноату сохтмон, бунёди боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, назорати қатъии пардохти андоз аз ҷониби ронандагони нақлиёти хизматрасон ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо дар роҳҳои шаҳр, хусусан дар атрофи бозор, пешгирии бемориҳои сироятӣ, иваз шудани номи шаҳр, таъминоти об ва дигар саволҳои вобаста ба масоили рӯз посухҳои мушаххас дода, бори дигар аз ҳозирин таъкид ба амал овард, ки дар ҳамкорию ҳамбастагӣ фаъолият намуда, меҳнати пурсамари худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақсад аз он таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ободонию шукуфоии кишвари азизамон мебошад, равона намоем. 

Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
27.07.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню