Ҳамкориро ҷоннок кардан зарур аст - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҳамкориро ҷоннок кардан зарур аст

Бо мақсади тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, дӯстиву ваҳдат, дастовардҳои даврони истиқлолият, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, фаҳмонида додани қонунҳои амалкунандаи кишвар, пешгирии қонунвайронкунӣ миёни омма, махсус ҷавонон рӯзи 26 июли соли ҷорӣ гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо сокинони маҳаллаи “Ғайрат” вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Баҳриддин Сафарзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр Набиҷон Исозода, сармутахассиси котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кудак Дилшод Шодиев, раиси ҲХДТ дар шаҳр Тавакал Наҷидуллоев, сархатиби масҷиди марказӣ Усмонали Нуров, мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и шаҳр ва сокинони маҳаллаи мазкур иштирок доштанд. Баромадкунандагон доир ба масъалаҳои вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаҳр, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро, қонуншиканӣ  миёни омма, риояи талаботи қонунҳои кишвар махсусан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 
“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба таҳсил фарогирифтани наврасону ҷавонон, махсусан духтарон, дуруст тарбия кардани фарзандон, пос ва гиромӣ доштани расму оинҳои миллӣ, ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ  ва ғайра ибрози ақида намуданд. 
Инчунин Набиҷон Исозода зимни баромади худ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуда, вобаста ба ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ изҳори норозигӣ кард. Ӯ қайд кард, ки ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ дар шаҳр дар сатҳи паст қарор дорад. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ метавон сулҳу амнияти давлату ҷомеаро таъмин намуд. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар пешрафти давлату миллат ҳиссагузор бошад.  Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки ҳамкориро дар ин самт ҷоннок намоем.” Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни сокинони маҳаллаи “Ғайрат” бо гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳр пурсишу посухҳо доир гардида, сокинон ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрию мулоқотҳо дар  маҳаллаҳои “Дӯстии халқҳо” ва “Ҳоҷӣ Шариф” – и шаҳр низ баргузор гардиданд.

Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
27.07.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню