Дар иҷрои кор ҳама масъулем - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Дар иҷрои кор ҳама масъулем

Рӯзҳои наздик ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Омодагии шаҳрдорӣ ва сокинони шаҳр ба ин рӯйдоди муҳим чӣ гуна аст? Ин саволест, ки вақт онро пеши рӯйи мо матраҳ карда, масоили ободонӣ, тозагию озодагиро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ободонии кӯчаҳои марказии шаҳр, -Ваҳдат, Айнӣ, Б. Ғафуров, Дӯстии халқҳо, Борбад ва ғайраро ба назар гирифта, дар ин кӯчаҳо шахсони масъули мақомоти иҷроия ва ташкилоту муассисаҳоро вобаста кардаанд, ки рафти ободониву гулшинониро назорат кунанд. Бо чунин руҷӯи кӯтоҳ и.в раиси шаҳр А. Исмоилзода маҷлиси назоратии навбатиро ҳусни оғоз бахшид ва аз масъулон вазъи ободонӣ ва мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро пурсон шуд. Роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо нишон дода, аз масъулин даъват ба амал овард, ки бо ҳисси масъулияти баланд корҳоро дар ин самт ба иҷро расонанд.
Сипас А. Исмоилзода иброз дошт, ки дар моҳи июн гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вазъи корро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр санҷида, хулосаҳояшро ба таври хаттӣ пениҳод кард. Як қатор камбудиву норасоиҳо ошкор гардид, ки ислоҳи онҳо зарур аст. Аз ҷумла, супоришҳои протоколии ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр расида, пурра иҷро нагардида, ахбороти пешниҳодкардаи шуъбаи Амонатбонки Қӯрғонтеппа мукаммал нест. Эродҳои ҷиддӣ оид ба оғози сохтмони маҷмааи варзишӣ- фарҳангӣ, минтақаи саноатӣ ҷой дошта, то ҳол дар бинои 15 ошёна лифт ба истифода дода нашудааст. Нақшаи чорабиниҳо ҳастанд, аммо аз рафти иҷрои онҳо ҳисобот нест. Аз ҷумла аз рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои дар назоратбуда низ сари вақт маълумоти зарурӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод намешавад. Бандҳои алоҳидаи нақшаи бахши танзим суст иҷро мешаванд. Ба баъзе муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷавоб сари вақт ирсол нашудааст. Дар аснои сарфи маблағҳои буҷавӣ дурусту саҳеҳ тартиб додани санад тавсия дода шуда, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ 64 фоиз иҷро гардида, омилу сабабҳои иҷро нагардидани ин намуди андозро муайян ва бартараф кардан лозим аст. Масъалаи ному номгузорӣ ҳамеша рӯзмарра аст. Дастуру супоришҳо дар ин бобат зиёд бошанд ҳам, то ҳол номҳои ғайритоҷикии аз замони шӯравӣ боқимонда ба назар мерасанд. Аз ҷумла дар шаҳри Қӯрғонтеппа то ҳол номҳои Советская 1 ва2, Пирогов ва ғайра ба чашм мерасад. Ҳол он ки гузоштани номҳои мувофиқ ва муносиб, ки ифодагари таърихи миллат, фарҳанги миллӣ бошанд, ба мақсад мувофиқ аст. Номгузории одамон, маҳалли зисту гулгаштҳо бахши муҳими фарҳанги миллӣ арзёбӣ шуда, дар эҳё кардани хотираи таърихии халқ  нақши бориз мегузорад. Дигар ин ки омодагӣ ба зимистони солҳои 2017 -2018 суст ҷараён гирифта, захира кардани маводи сӯхт, намак, оинабандӣ дар мактабу корхонаҳо, таъмири истгоҳу зеристгоҳҳои барқӣ ва ғайра зарур буда, месазад, ба ин масъалаи муҳим диққати даркорӣ равона намоем. Соли 2017 - Соли ҷавонон эълон шудааст. Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва чорабиниҳо баргузор мешаванд, аммо дар ин хусус ҳисобот нест ва ҳатто ҷузвдони алоҳида вуҷуд надорад. Масъалаи мубраме, ки боиси ташвиши сокинони шаҳр ва шаҳрдорӣ гардидааст, ҳаракати нақлиёт дар атрофи бозори «Фаровон», фаъолияти бенизомии ширкатҳои мусофирбарӣ буда, нақлиёт роҳро забт карда, таваққуфгоҳҳои сунъии нақлиётӣ ба вуҷуд омада, мардумро нороҳат мекунанд. БДА, танзими нақлиёти минтақа, ШВКД дар шаҳр дар мувофиқа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадоранд ба кор беҳбуд бахшанд. Бояд комиссияи салоҳиятдори мақомоти иҷроия созмон дода шуда, дар зудтарин фурсат ба бесарусомонӣ дар атрофи бозор хотима диҳад. Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бояд ҳалли ин масъаларо тезонанд. Вазифа меистад ҳолати сохтмонҳо ва иншоотҳои сохтмониро санҷида, соҳибмулконро ба ривоҷи сохтмон ҳидоят кунем. Зеро дар бисёр маврид мебинем қарор дар бораи сохтмони иншоот ҳаст, аммо бо сабабҳои номаълум кор шуруъ намешавад. Бо вуҷуди ин ҳама дар хоҷагии халқи шаҳр захираҳои истифоданашуда бисёранд. Барои ҳамин ҳам омодагиҳоро баҳри сазовор истиқбол гирифтани меҳмони олиқадр, 26- солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъат додан лозим аст. Аз ҷумла таҳия кардани барномаи консертӣ дар назар буда, таъмини рушноӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» зарур мебошад. Новобаста аз он ки баҳри иҷрои қисми даромади буҷа чораҳои таъхирнопазир андешида шудаанд, аммо дар моҳи июл низ мушкилоти андозғундорӣ ба назар расид. Кори кумитаҳои маҳаллаҳо, эмомхатибон, дигар ташкилотҳои дахлдор дар самти татбиқи қонунҳои «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои экстримистию террористӣ қайд гардида, и.в. раиси шаҳр А.Исмоилзода вазифа гузошт, ки масъулин ба ин масълаҳои муҳим аҳамият дода, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар ин кор сармашқи фаъолияти хеш намоянд.
 
Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
3.08.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню