ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТППА - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТППА

Аз 26 июли соли 2017    № 378                шаҳри Қӯрғонтеппа
 
Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 июни соли 2017, №123 «Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, № АП – 862 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, маҳалла, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ»
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллаҳои шаҳр, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон мутобиқи моддаҳои 19,20 ва 33-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
қарор мекунам:
1.  Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 июни соли 2017, №123 «Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, № АП – 862 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, маҳалла, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ» барои иҷроиш ба маълумот гирифта шавад (замима мегардад).
2.  Оид ба муайян намудани беҳтарин маҳаллаи шаҳр, хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрӣ эълон карда, ҳайати комиссияи озмуни шаҳрӣ таъсис ва тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
3.  Раиси комиссияи озмуни шаҳрӣ қоидаҳои гузаронидани озмунро оид ба муайян намудани беҳтарин маҳаллаи шаҳр, хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4.  Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа маблағҳои барои ғолибони озмуни шаҳрӣ пешниҳодшударо аз ҳисоби маблағи фонди захиравии раиси шаҳр таъмин намояд.
5.  Назорати рафти иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр гузошта шавад.
 
И.в. раиси шаҳри Қӯрғонтеппа                   Исмоилзода А. А.

Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
3.08.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню