Ҳамкориро вусъат бояд дод - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҳамкориро вусъат бояд дод

Ба ташаббуси шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии сардори шуъбаи ВКД дар шаҳр бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори шубаи ВКД дар шаҳр Н. Исозода, прокурори шаҳр Б. Сафарзода, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, нозирони минтақавии милиса, намояндагони Хадамоти оташнишонӣ, Хадамоти «Муҳофиза», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳайати кормандони ШВКД иштирок доштанд. Дар аввал Н. Исозода баромад намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, муноқишаи гурӯҳии ҷавонон, вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ, назорати қатъӣ аз болои шаҳрвандони доғи судӣ дошта, бешаҳрванд, майзада, нашъамандӣ, насби камераҳои назоратӣ, тарбияи дурусти фарзандон ибрози ақида намуд. Аз ҷумла гуфт, ки мақсади асосии баргузории вохӯрӣ бо раисони маҳаллаҳо ва имомхатибон, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. 
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сардори шуъбаи ВКД-и шаҳр ба раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва нозирони минтақавии милиса дас-турамали корӣ, ки аз ҷониби шуъба омода шудааст, тақсим карда шуд.
Пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни кормандони милиса, прокуратура ва сокинону шаҳрвандони шаҳр мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол ташкил ва гузаронида шавад.
 
Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
3.08.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню