Пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои и.в. раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи ВКД, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаии граждании шаҳр дар маҳаллаҳои «Зарбдор», «Ҳоҷӣ Шариф», «Ургутмаҳалла», назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва меҳмонхонаи «Рамз», ки дар наздикии дарё ва каналҳо бунёд гардидаанд, оид ба тозагии об ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш рейди муштарак гузарониданд. Мақсади асосӣ огоҳ намудани омма аз зарари оббозӣ дар ҳавои гарм ва дар ҷойҳои хавфнок, паст намудани нишондоди ғарқшавии шаҳрвандон дар ҳавзу дарёҳо мебошад.  Тавре ки сардори Ситод оид ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа З. Фатуҳуллозода изҳор дошт, аксаран дарёву каналҳое, ки аз дохили шаҳр мегузаранд, дар мавзеъҳое ҷойгиранд, ки аз пеши онҳо сокинону меҳмонони зиёд мегузаранд. Масалан, назди меҳмонхонаи «Рамз» дар ин ҷо яке аз боғҳои марказии шаҳр ҷойгир буда, ҳамзамон канори хиёбони марказии шаҳр мебошад.
Аз ин рӯ вақте, ки мардону ҷавонони зиёде бо танаи урёну нимбараҳна дар дарёҳо оббозӣ мекунанд, барои нафарони раҳгузар, бахусус меҳмонон манзараи ногуворро ба миён меоранд, ки ин ба фарҳанги шаҳрнишинӣ рост намеояд. Аз ин рӯ, аз сокинон хоҳиш менамоем, ки дар ҳавои гарм ба ҷойҳое, ки махсус барои оббозӣ кардан муайян шудаанд, рафта оббозӣ кунанд, то ин ки ҳам худашон озодона истироҳат намоянду ҳам ба роҳгузарон халал нарасонанд.
Ҳамчунин ҳангоми рейд аз ҷониби кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷойҳое, ки оббозӣ кардан манъ аст, овезаҳои огоҳкунанда насб карда шуданд.
 
Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
3.08.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню