ҚОИДАҲОИ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

ҚОИДАҲОИ

ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУНИ ШАҲРӢ ОИД БА МУАЙЯН НАМУДАНИ БЕҲТАРИН ШАҲРАКУ ДЕҲОТ, МАҲАЛЛА, КӮЧАЮ ХИЁБОН, БОҒ, ГУЛГАШТ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА БАХШИДА БА
26 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
1.  Муқаррароти умумӣ
Қоидаҳои мазкур шарт ва тартиби гузаронидани озмуни шаҳриро бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, маҳалла, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ дар шаҳр бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2.  Ҳадаф ва мақсади озмуни шаҳрӣ
1. Ҳадафи озмуни шаҳрӣ амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ маҳсуб ёфта, он дар ҳудуди шаҳр бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар шаҳр, маҳаллаҳо ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор мегардад.
2.  Мақсади асосии озмуни шаҳрӣ баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад.
3.  Комиссияи озмуни шаҳрӣ
1. Комиссияи озмуни шаҳрӣ аз ҷониби раиси шаҳри Қӯрғонтеппа тасдиқ шуда, комиссияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил мегарданд, ки онро раиси шаҳр роҳбарӣ намуда, ҳайати онро тасдиқ менамояд.
2. Комиссияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - Комиссия) дар доираи Қоидаҳои мазкур фаъолият менамояд.
3. Комиссия дар доираи салоҳияти худ дар асоси нишондиҳандаҳои ҳамин Қоидаҳо бо роҳи шиносоӣ, ҷамъ овардани мавод, тартиб додани саволномаҳо, баррасии нишондиҳандаҳо ва гузаронидани ҷаласаҳо амал мекунанд.
4. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати иштироки на камтар аз 3/2 ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисобида мешавад. Қарорҳои Комиссия бо овоздиҳии аксарияти иштирокчиёни он қабул мегардад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии Комиссия аз тарафи Раис ва котиби он ба имзо расонида мешавад.
4. Ваколат ва вазифаҳои Комиссия
1. Ваколати Комиссияи шаҳрӣ иборатанд аз:
- мувофиқа намудани шакл ва арзиши мукофотҳои ғолибони озмун, ки аз ҷониби комиссияҳои шаҳрӣ тақдим мегарданд;
-  аз байни иштирокчиёни озмун дар сатҳи шаҳрӣ муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, маҳалла, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ, ки ба ҷойҳои арзанда сазовор мебошанд;
- ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии фаъолияти комиссияи шаҳр;
- баррасии ҳолатҳои баҳсӣ, муроҷиатҳои иштирокчиёни озмун;
2.  комиссияи шаҳрӣ вазифадор аст:
- ташкил ва ҷамъбасти озмунҳоро дар сатҳи шаҳр оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот,  маҳалла, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишӣ таъмин намоянд;
- барои омодагӣ ва иштирок дар марҳилаи шаҳрӣ,  маҳаллаи беҳтарин, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи варзишии беҳтарин, ки дар озмуни шаҳрӣ ғолиб омадаанд, мусоидат намоянд;
- маълумот оид ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои озмун, рӯйхати ғолибони озмунро ба Комиссияи шаҳрӣ  пешниҳод намоянд.
5. Тартиби гузаронидани озмун
1. Озмун дар асоси принсипҳои шаффофияти баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ ва эҷоди озодона баргузор мегардад.
2. Озмун дар асоси нишондиҳандаҳое, ки қоидаҳои мазкур пешбинӣ намудаанд, бо дарназардошти таҳлили натиҷаҳои дастовардҳои дар зарфи ду соли охир бадастомада сурат мегирад.
6. Нишондиҳандаҳо барои баргузории озмун
1. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани маҳаллаи беҳтарин:
- вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: сохтмони иншооти маишӣ, дастгирии соҳибкорӣ (ҷудо намудани замин, иншоот, сохтмони нуқтаҳои савдо, пардохти маблағи барқ, коммуналӣ ва хизматрасонии маишӣ), ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва созандагӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ ва иҷрои нақшаи андоз;
-  мавҷуд будани нақшаи генерелии шаҳр;
- вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона – интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рӯзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ), ҳолат ва сифати таъмири ҷорӣ ва таъминот бо маводи ғизоӣ ва маишӣ, пардохти нафақа, музди меҳнат;
- вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, шумораи кормандони тиб, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳочатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);
- вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисахои томактабӣ, фоизи фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла духтарон, мавҷудияти дигар муассисаҳои таълимӣ, ҳолат ва таъминоти онҳо ба кадрҳо, таъмини онҳо ба мизу курсӣ, компютерҳо, дохилшавии хонандагони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ тавассути Маркази миллии тестӣ, дастовардҳои назаррас;
- вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, миқдори клубҳо, осорхонаҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, марказу боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигохубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва ҷоизадорони соҳа;
- вазъи соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист бо дарназардошти иҷрои Барномаҳои давлатӣ, дурнамои нишондиҳандахои соҳа, риоя ва пешгириҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ, тозагии муҳити зисти кӯчаву маҳаллаҳо, ташкили хиёбону гулгаштҳо, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва таъмини сабзиши онҳо;
- вазъи хуҷҷатгузорӣ, татбиқи Барномаҳои давлатӣ, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомотҳои маҳаллӣ ва болоӣ, ҷудошавии оилаҳо, ҷиноят дар байни ноболиғон ва ҷавонон, пешниҳоди дурусти таҳлилҳои оморӣ,
- вазъи дастгирии ҷавонон нақши онҳо дар чорабиниҳои оммавию варзишӣ, рушди сайёҳӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, миқдори марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ ва ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.
2. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани маҳалла ё кӯчаи беҳтарин:
-  вазъи иктисодӣ бо дарназардошти дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва созандагӣ, шумораи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;
-  вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона-интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рӯзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, ҳолати хизматрасонии иҷтимоӣ);
- вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, ёрии таъҷилӣ, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, холати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);
-вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти шумораи муассисаҳои томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои дигари таълимӣ, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизот, шумораи мактабҳо, ҳолати онҳо, дастовардҳои назаррас;
- вазъи соҳаи фарҳанг бо дар назардошти шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, бахусус клубҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;
- муҳити зист ва экология бо дарназардошти намуди кӯчаву роҳравҳои маҳаллаҳои шаҳр, ободонӣ ва ҳолати хонаву кӯчаҳо, рангубор, сафед кардани бино ва хона, иншооти шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, ҳолати хонаҳои истиқоматӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;
- дастгирии ҷавонон ва духтарон вазъи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳолати марказҳои ҷавонон, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ, рушди сайёҳӣ ва мавҷудияти инфрасохтори сайёҳӣ бо дарназардошти шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.
3. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани кӯча, хиёбони беҳтарин симои меъмории хонаҳои истиқоматӣ, тозагӣ ва ободонӣ, истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ, равшангардонӣ, теъдоди оилаҳои намунавӣ, иштироки истиқоматкунандагони кӯча, хиёбон дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, теъдоди ҷинояткорӣ аз ҳисоби истиқоматкунандагон, шумораи ҷавононе, ки ҷиноят содир кардаанд ё дар маҳбас мебошанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин) дар бораи таъсиси боғи фарҳангию фарогатӣ.
4. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани гулгашт бо дарназардошти:
- таъмини фароғат, курсиҳои нишаст, дарахтони сояафкан ва ороишӣ, гулҳои ороишӣ, сатҳи меъморӣ, равшаннамоӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ, ҷойи фароғати кӯдакон.
5. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани майдончаи варзишии беҳтарин бо дарназардошти:
 - таъмини шароитҳои мусоид ҷиҳати баргузории бозиҳои варзишӣ,
-  ҷойи нишаст, фарогирӣ ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ,
- вазъи санитарию эпидемиологӣ,
- вазъи инфрасохтори зарурӣ,
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (сертификат дар бораи ҳуқуқи истифодаи замин ва ғайра) дар бораи бунёди майдончаи варзишӣ.
6. Озмун дар давоми моҳҳои июн - сентябр дар миқёси шаҳр баргузор гардида, дар 2 марҳила гузаронида мешавад:
- дар марҳилаи якум аз тамоми маҳаллаҳои шаҳр, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи беҳтарин аз тарафи комиссияҳои шаҳрӣ муайян шуда, ба марҳилаи дуюм (вилоятӣ) роҳ меёбанд;
- марҳилаи дуюми озмун дар сатҳи вилоят баргузор мегардад. Комиссияи вилоятии озмун дар сатҳи вилоят шаҳраку деҳот, кӯчаю хиёбон, боғ, гулгашт ва майдончаи (варзишии беҳтаринро интихоб карда, барои муайян намудан ба комиссия пешниҳод менамояд.
7. Муҳлати ҷамъбасти мусобиқа
1.Марҳилаи якум дар шаҳр то 10 август муайян карда шуда, ғолибон ба даври дуюм (вилоятӣ) пешниҳод карда мешаванд.
2.Ғолибони даври дуюми озмун то санаи 1 сентябр муайян карда мешаванд.
3.Ғолибони даври якум ва дуюм рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо туҳфаҳои молию  пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
8. Мукофотонидани ғолибон
1.Барои маҳаллаи беҳтарине, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд:
2.Барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муайян карда шудааст.
3.Барои кӯчаю хиёбоне, ки ҷойхои ифтихориро ишғол мекунанд: барои ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муайян карда шудааст.
4.Барои гулгашти беҳтарин, ки ҷойхои ифтихориро ишғол мекунанд: барои ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муайян карда шудааст.
5.Барои майдончаи варзишии беҳтарин, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд: барои ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муайян карда шудааст.
6.Инчунин, ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ғолибони озмун пешбинӣ шудааст.
7.Туҳфаҳо аз ҷониби раиси шаҳр дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд.
 
Котиби матбуоти Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: Мирзоев Умед
3.08.2017
Мушовири иттилоотӣ: 
Сановбар Муродова
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню